Навъи нави коронавирус, ки B1525 номгузорӣ шуда ва бори аввал дар Бритониё ошкор гардид, дар 10 кишвари дигар, аз ҷумла, Дания, ИМА, Австралия ва Нигерия сабт шудааст. Дар ин бора нашрияи The Guardian бо такя пажуҳишгарон аз Донишгоҳи Эдинбург иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, бори аввал ин навъи коронавирус моҳи декабри соли 2020 ошкор ва дар Бритониёву Нигерия сабт шуда буд.
Ба гуфтаи пажуҳишгарон, навъи нави коронавирус ба навъе, ки моҳи декабр дар Бритониё ошкор ва В117 номгузорӣ шуда буд, шабеҳ аст, аммо "бо тағйирёбии ташвишовараш" фарқ мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, навъи B1525 аз ҷиҳати назарӣ устувортар унвон мешавад. Дар Бритониё 32 ҳолати гирифторӣ ба навъи нави коронавирус, дар Дания 35 ҳолат, дар Нигерия 12 ҳолат сабт шудааст. Дар ИМА, Фаронса, Гана, Австралия, Канада, Урдун ва Испания низ чанд ҳолатӣ сабт гардидааст.
Тағйири шакл кардани коронавирус аз тирамоҳи соли 2020 мушкили ҷиддиеро ба бор овард, ки он замон олимон гуфтанд, навъи нави коронавирус аз ҷиҳати паҳншавӣ хатарноктар аст.
Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар саросари дунё ҳафтаи панҷум аст, ки рӯ ба коҳиш дорад. Дар ин бора мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус иттилоъ дод. Агар аз ибтидои соли ҷорӣ ҳар ҳафта то 5 миллион кас ба коронавирус мубтало мешуд, ҳамакнун ин нишондод то 2 миллион поён омадааст.
Ба иттилои донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, аз оғози вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 109 миллион одам мубтало ва бештар аз 2,4 миллион кас аз он вафот кардааст.