Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний дар мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи иттиҳоми "тӯҳмат" ҳозир шуд


Алексей Навалний, мунаққиди Кремлин дар гӯшаи айбдоршавандаҳои додгоҳи ноҳияи Бабушкинскии шаҳри Маскав. 16 феврал
Алексей Навалний, мунаққиди Кремлин дар гӯшаи айбдоршавандаҳои додгоҳи ноҳияи Бабушкинскии шаҳри Маскав. 16 феврал

Рӯзи 16 феврал дар Маскав мурофиаи додгоҳии Алексей Навалний, як мунаққиди Кремлин аз рӯи иттиҳоми “тӯҳмат” идома ёфт. Мурофиае, ки ба андешаи Навалний ва тарафдоронаш бо ҳадафи пушти панҷара нигаҳ доштани ӯ шурӯъ шудааст, дар паи ҳукми 2 феврали додгоҳи дигар баргузор мешавад, ки бар асоси он ӯро ба 2 соли 8 моҳи зиндон маҳкум карданд. Дар ҳукми ахири додгоҳ Навалнийро барои нақзи шароити ҳабси шартӣ бар асоси додгоҳи соли 2014 гунаҳгор карданд. Навалний дар ҳоле муҳокимаву ҳабс шуд, ки баъди як заҳролушавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли 2020, дар як беморхонаи Олмон табобат гирифта 17 январ ба Маскав баргашт ва ҳамон замон боздошт шуд. Ӯ ин додгоҳро ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Ҳабси Навалний дар саросари Русия эътирозҳои мардумиро барангехт ва давлатҳои ғарбӣ ин ҳукм, зиндонишавии Навалний ва саркӯби ҳазорҳо тарафдорони ӯро дар паи эътирозҳои хиёбонӣ маҳкум карданд.

Қазияи “тӯҳмат” ба шарҳҳои Навалний дар Твиттер марбут аст, ки зери як навори видеоии таблиғи референдуми порсолаи Русия, ки ҳақи президент Владимир Путинро барои ширкати бемӯҳлат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъмин мекунад, навишта буд. Ӯ дар ин шарҳҳояш қаҳрамонҳои видеои таблиғотиро “чоплусҳои фасодзада ва хоин” номид.

Қарор аст рӯзи 16 феврал додситонҳо дар додгоҳ талаби худро дар бораи муҷозоти Навалний байн кунанд. Моддаи “тӯҳмат” дар Кодекси ҷиноии Русия то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар Русия собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонро эҳтиром мекунанд ва ҳама гуна интиқод дар ҳақи онҳо ҳамчун падидаи ғайриқобили қабули иқтимоӣ арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG