Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкати "Қирғизолтин" ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 13 феврал раиси ширкати "Қирғизолтин" Элмирзо Укубоевро ба ҳабси пешакӣ гирифт. КДАМ-и Қирғизистон гуфт, Укубоев то 12 апрел дар ҳабс мемонад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, вай бо таҳдиди сабукдуш кардан, 75% маоши аъзои шӯрои мудирони ширкати истихроҷкунандаи тиллоро меситонидааст. Айни замон мақомоти Қирғизистон ба пайдо кардани тамаъҷӯиҳои дигари Укубоев ва дигар афроди масъули "Қирғизолтин" машғуланд.

Дар бораи боздошти Укубоев 12 феврал хабар расид. Вай ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 100 ҳазор сом (муодили тақрибан 15 ҳазор сомонӣ) боздошт шудааст. Укубоев моҳи ноябри соли 2020 раиси "Қирғизолтин" таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG