Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон дастгир карда, ҷазо додаанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Вазири умури хориҷӣ изҳори боварӣ кард, сарнавишти 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон боздошт шуданд, мусбат ҳал мешавад.

Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарии солонаи вазорат гуфт: “Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Қарокул дастгир шуданд. Онҳо бо сабаби ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатии Қирғизистон дастгир шудаанд ва аз ноҳияи Ҷайҳун ҳастанд.”

Вазир гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек иттилои заруриро дар бораи қазия ба вазорат додаанд ва онҳо корҳои лозимиро барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ба роҳ мондаанд. Сироҷиддини Муҳриддин афзуд: ”Дар ҳама ҳолатҳо мо бо ин кишвар тавонистем, забон ёбем ва ҳуқуқи шаҳрвандонамонро ҳифз намоем. Мо инро пайгирӣ мекунем ва бовар дорем, масъаларо мусбат ҳал мекунем.”

Додгоҳи шаҳри Қарокӯли Қирғизистон ду рӯз пештар 14 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ҷарима баста ва амр додааст, ки ин ҷаримаи 3 ҳазор доллариро дар муддати ду моҳ бисупоранд. Абӯбакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Қирғизистон, рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, 14 нафарро бар асоси моддаи 346 Кодекси ҷиноии Қирғизистон ҷазо додаанд, ки аз ҷарима то ба се соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Додгоҳ ҷазои сабуктарро ба шаҳрвандони Тоҷикистон раво дидааст, ки ба гуфтаи худашон, фиреб хӯрда ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд. Сарҳадбонони қирғиз коргарони тоҷикро, ки рӯзи 10-уми феврал бо автобус барои кор ба корхонаи хиштрезии Бишкек мерафтаанд, дар ноҳияи Лайлак дастгир кардаанд. Наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, онҳоро бо миёнаравии афроди ношинос барои кор бурдаанд ва намедонистанд, ки сафари беиҷоза ба Қирғизистон ғайриқонунӣ аст.

Додарҷон, сокини ҷамоати “Ваҳдати миллӣ” дар ноҳияи Ҷайҳун хеши яке аз онҳое, ки дар боздошт аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуруҳи коргаронро ба Душанбе даъват карданд ва дар истгоҳи автобусҳо ба самти Хуҷанд дар автобус савор карда бурданд. Вай гуфт, ҳамаи онҳо шиносномаи хориҷӣ доштанд ва пас аз рафтанашон як нафар аз Бишкек занг зада, хабар додааст, ки ҳамаашонро боздошт кардаанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Ҳоло ҷаримаи онҳо беш аз 3 ҳазор доллар аст ва ин мардуми камбизоат чӣ гуна мепардозанд, мо намедонем.”

Ҳоло маълум нест, ки ин пулро чӣ гуна хешовандони ин афрод пайдо карда ва ҷаримаи Қирғизистонро мепардозанд. Айни замон ба сабаби пандемияи COVID-19 марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баста аст ва фақат дар ҳолатҳои истисноӣ баъзе иҷоза доранд, ки аз ин тараф ба он тараф бигзаранд.

Зоҳиран бекории хастакунанда дар Тоҷикистон гуруҳи 14 нафариро маҷбур кардааст, бе таҳқиқ ва замонати муносиб барои кор ба Қирғизистон сафар кунанд. Ин афрод ба гуфтаи хешовандонашон аз бонкҳо қарздор будаанд ва бо умеди пайдо кардани ҷойи муносиби кор ва баргардонидани қарз ба Қирғизистон рафтаанд.

Боздошти 14 шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон бо гуноҳи “убури ғайриқонунии марз” нахустин нест. Моҳи июли соли гузашта 34 ҷавон аз деҳаҳои Бӯстон ва Ҳуснободи шаҳри Ҳисор низ барои убури ғайриқонунии сарҳад дар Қирғизистон дастгир шуданд. Шаҳрвандони боздоштшуда дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки "як ширкати машҳур дар Тоҷикистон аст".

Дар Тоҷикистон танҳо ширкати "Фароз" ва "Мину-фарм" иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд. Ин гуруҳи ҷавонон, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рафта буданд, баъди пардохти ҷарима озод шуда, ба Тоҷикистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG