Пайвандҳои дастрасӣ

"Марзро ба дарвозаи сулҳ табдил медиҳем." Дидори сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон


Дар Исфара дар толори маҷмааи "Ориён" рӯзи 26 июл музокироти президентони Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид. Қарор аст, "даври дувум"-и ин гуфтушунид дар Иссиқкули Қириғизистон баргузор шавад. Аз натиҷаҳои мушаххас, ба ғайр аз омодагӣ ба музокирот, хабар дода намешавад.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков ва ҳайатҳои ҳукуматҳои онҳо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад “машварату музокирот идома меёбад”.

Дар изҳороти мухтасари вебсайти президенти Тоҷикистон ҷузъиёти бештари дидору гуфтугӯҳои ду ҳайат дар Исфара нашр намешавад. Танҳо таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо “дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” иброз намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи баҳсҳову масъалаҳоро аз роҳи муколама ҳал кардан лозим аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Ҷеенбеков: “Сарҳадҳои мо бояд ба дарвозаҳои созандагиву сулҳ табдил шаванд”

Ба навиштаи вебсайти президенти Қирғизистон, Сооронбой Ҷеенбеков ин мулоқотро “таърихӣ” номида таъкид кардааст, ки ин мулоқот “барои идомаи муколамаи сиёсӣ” сабаб хоҳад шуд. Ҷеенбеков дар ин мулоқот аз ҳодисаи ахири марзӣ ҳам ёдовар шуда гуфтааст, ки “ин ҳодисаҳо бояд ҳамаҷониба ва мӯшикофона таҳқиқ шаванд ва барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда тадбирҳои мушаххас дида шаванд”.

Дар изҳороти дафтари матбуоти президенти Қирғизистон ба нақл аз ӯ омадааст: “Пешниҳод мекунем, ки ҷараёни музокираҳоро суръат бахшида самаранок гардонем. Муҳим аст, ки кор оид ба ҳалли масоили сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи принсипи “аз масоили содда ба мушкил” идома кунад. Мутмаинам, ки дар ҳамбастагӣ мо метавонем сарҳадҳои худро ба дарвозаҳои созандагиву сулҳ ва шукуфоӣ табдил диҳем”.

Музокироти президентон ва ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар, ки инчунин бо ширкати муовини нахуствазирон, вазирони умури дохилӣ ва ҳам раҳбарони кумитаҳои амнияти миллӣ баргузор шуд, чанд соат баъди мулоқоти нахустини муштараки президентон бо сокинони манотиқи наздимарзӣ ҷараён ёфт. Ин мулоқот субҳи ҷумъа дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, ки анклави тоҷикӣ дар ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон маҳсуб мешавад, баргузор гардид. Ворухи дорои 40 ҳазор аҳолӣ ҳафтаи ҷорӣ бори дигар шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шуд. Дар остонаи сафари президентон, талоши сокинони ду деҳаи марзии Ворух ва Оқсои Қирғизистон барои насби парчами миллӣ боиси баҳсу гашт ва ба зардӯрд кашонид. Дар он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва наздик ба 20 нафар аз ду тараф маҷрӯҳ шуданд.

Зимнан, ин дуюмин сафари президент Раҳмон ба Ворух дар 26 соли охир аст. Дар пасманзари ин ҳодисаҳо сокинони маҳаллӣ ва коршиносон зарурати қабули қарору тасмимҳои ҷиддӣ дар заминаи ба эътидол овардани вазъи марз ва суръат бахшидани корҳои аломатгузории марзи давлатиро ҳамчун омили субот дар минтақа таъкид мекунанд. Қарор аст шоми 26 июл барои идомаи музокирот президентони ду кишвар ба осоишгоҳи Чолпонотаи воқеъ дар соҳилҳои Иссиқкӯл сафар кунанд.

Аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

"Ба иғво дода нашавед"

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки муросо дошта бошанд ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ворух ва Оқсой мардумро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват кард ва гуфт, ки ҳама масъалаҳо бояд аз роҳи муколамаву гуфтугӯ ҳал шаванд:

"Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардем. Беш аз 157 ҳазор кушта шуда, 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Мо бо Сооронбой Шарипович машварат кардем, ки ҳама масъалаҳоро аз роҳи муколама ҳал мекунем. Ин ба он маъност, ки гоҳо ба гузашт ҳам роҳ додан лозим аст. Ман баъди ин ҳама мулоқотҳо ба Чолпонота меравам, музокирот давом мекунад. Шумо, кӯҳасолону оқсақолҳо бояд вазъро нигоҳ кунед. Нагузоред, ки ба иғво дода шаванд".

Ҳоҷӣ Домулло Муқомиддин, сархатиби ҷамоати Ворух, ки дар ин вохӯрӣ иштирок доштааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президентҳои ду кишвар бо мардум мулоқот намуда, аз эҳтироми ҳамсоядорӣ сухан гуфтанд ва аз сокинон даъват намуданд, ки ба муноқиша ва моҷароҳо роҳ надиҳанд.

"Пас аз сӯҳбати президентҳо, ду нафар сокини Оқсой ва ду нафар аз Ворух баромад намуда, аз робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ ҳарф заданд. Сокинони ҳарду деҳа ваъда доданд, ки дигар ба муноқиша роҳ нахоҳанд дод",-афзуд сархатиби ҷамоати Ворух.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи наздимарзӣ, дӯстӣ, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни тоҷикону қирғизҳои марзи ду кишвар сӯҳбат карданд".

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, дар сӯҳбат бо сокинони наздимарзӣ президентон ба "аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва дӯстии байни мардуми ҳамсоя" таъкид кардаанд. Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст:

"Мо шароити зиндагии маруми моро дар навоҳии наздимарзӣ хуб медонем, дар бораи мушкилоти ҳалношуда ҳам хабар дорем. ​Мо ният дорем, ки тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, то ки сокинони маҳаллӣ ҳеҷ мушкиле эҳсос накунанд". Президенти Қирғизистон гуфтааст, ки дар асл "мушкилоти ҳалнашаванда вуҷуд надорад".

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Исфара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки дар сӯҳбат бо мардум раҳбарони ду кишвар аз сокинони наздимарзӣ даъват карданд, ки "ба иғво дода нашаванд ва муносибатҳои дӯстонаро ҳифз кунанд". Дар ин хабар омадааст, ки президентон таъкид кардаанд, ки ​"масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ" дар равобити ду кишвар "муҳимтарин" мебошад ва мақомот "майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ" ифода карданд.

Хабарнигор: Мулоқот дар Ворух 30 дақиқа идома кард

Замира Коҷобаева, хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ аз минтақаи Оқсой гуфт, ки мулоқоти президентҳои ду кишвар дар хати байни Ворух ва Оқсой каме бештар аз 30 дақиқа идома кард, вале ба ҷуз намояндагони дафтари матбуоти президентони ду кишвар ба ин маросим журналистони дигар роҳ дода нашуданд.

Ӯ гуфт, ки дар мулоқот аз ҳарду кишвар тахминан 30-нафарӣ сокинон иштирок карданд, ки як рӯз пеш интихоб шуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, президентон аз мардуми маҳаллӣ даъват карданд, ки сулҳу оромиро риоя кунанд ва бигузоранд, ки мақомоти баландпоя корро ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ идома диҳанд. Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, президенҳо ба самти Исфара ҳаракат карданд. Президенти Тоҷикистон, ба гуфтаи Коҷобаева, бо чархбол ва раҳбари Қирғизистон бо мошинаш ба макони мулоқоти ду президент дар хоки вилояти Суғд ҳаракат карданд.

Қарор аст баъди анҷоми мулоқоти баландпояи президентон дар ҳудуди Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Сооронбой Ҷеенбеков ба осоишгоҳи Иссиқкӯли Қирғизистон биравад. Ба иттилои Радиои Азаттик - бахши Қирғизии Радиои Озодӣ, дар қароргоҳи президенти Қирғизистон, ки дар шаҳраки Чолпонотаи Иссиқкӯл ҷойгир аст, президентон дидору гуфтугӯҳои расмии худро идома диҳанд. Ба гуфтаи сухангӯи президенти Тоҷикистон, сафар ба Иссиқкӯл шоми имрӯз дар назар аст.

Дар остонаи ин сафар, ба иттилои Радиои Азаттик, ҳаракат дар масири деҳоти Тамчи ва Бостери, ки дар даромадгоҳи Иссиқкӯл ҷойгир аст, барои ду рӯз маҳдуд мешавад. Аз ронандаҳо даъват шудааст, ки аз роҳи алтернативӣ истифода кунанд.

Шарҳҳоро бинед (35)

XS
SM
MD
LG