Раиси ҷумҳури Узбекистон амр додааст, ки ба эмкунии сокинон алайҳи коронавирус шуруъ кунанд.
Матбуоти маҳаллӣ навиштанд, рӯзи 10-уми феврал Шавкат Мирзиёев амр додааст, давоми як моҳ рӯйхати электронии сокиноне, ки ваксинаи зидди коронавирус дарёфт мекунанд, тартиб дода шавад.
Феълан маълум нест, чӣ миқдор ва кадом навъи ваксинаҳо ба Узбекистон ворид мешавад. Ботир Қурбонов, муовини раиси Хадамоти амнияти санитарию эпидемиологӣ гуфт, ваксинаи зидди коронавирус ба ин кишвар моҳи март ворид мешавад ва дар навбати аввал сокинони аз 85-сола боло, баъдан 75-84-солаҳо ва баъди онҳо 65-75-солаҳо эм карда мешаванд.
Ин мансабдор гуфтааст, то охири сол 20 дарсади аҳолии Узбекистон ё 7 миллион нафар эм карда мешаванд.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ менависад, дар Узбекистон даври 3-юми санҷишҳои клиникии ваксинаи чинии навъи ZF2001 аз COVID-19 ҷараён дорад. Иттилои ғайрирасмӣ ин аст, ки музокироти Тошканду Маскав барои фармоиши 35 миллион ваксинаи русии "Спутник-V" то ҳол бенатиҷа будааст.
Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон гуфтааст, ки озмоиши воксинаи чинӣ то моҳи май идома мекунаду то ҳол “натиҷабахш” будааст. Агар ин воксина барои истифода иҷозат дода шавад, истеҳсолу таъминоти он ба Чин фармоиш хоҳад шуд.