Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳдид кард, ки дар сурати таҳримҳои нав робитаашро бо Аврупо қатъ мекунад


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Маскав таҳдид кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани таҳримҳои нав дар робита бо парвандаи Алексей Навалний, робитаашро бо Иттиҳоди Аврупо қатъ мекунад.

Як рӯз баъди хабарҳо дар бораи он ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри ҷорӣ кардани таҳрими сафар ва бастани дороиҳои шахсони наздик ба Владимир Путин аст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 12-уми феврал ба қатъи равобит бо Аврупо таҳдид кард.

Пас аз ғасби нимҷазираи Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар, дар соли 2014, Ғарб Русияро таҳрим кард ва ҳамин сабаб шуд, ки равобити миёни Маскаву Аврупо пуртаниш шавад. Равобити ду ҷониб, инчунин, дар пайи қазияҳои заҳролудшавии мунтақидони Кремл, аз ҷумла заҳролудшавии Алексей Навалний бадтар шудааст.

Хабаргузории ТАСС ба нақл аз Сергей Лавров навишт: “Дар сурате, ки ин кор (ҷорӣ шудани таҳримҳо) бо ташаббуси Иттиҳоди Аврупо шавад, омодаем, робитаҳоро қатъ кунем”.

Ӯ афзуд, “мо аз Иттиҳоди Аврупо ҷиддан тақозо мекунем, ки ҳамкории баробар ва асосёфта бар пояи эҳтироми ҳамдигариро барпо кунад”. Вазири корҳои хориҷии Олмон изҳороти Лавровро "аҷиб ва ғайри қобили дарк" номид.

Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия, Владимир Путин, рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо журналистон дар Маскав гуфт, "агар Иттиҳоди Аврупо аз ин роҳ биравад, мо ҳам омода ҳастем”. Айни замон, ба гуфтаи Песков, Русия тарафдори то ин ҳад расидани корҳо нест.

Ин раддубадалҳо дар ҳолест, ки фаъоли зидди фасод ва раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний рӯзи 12-уми феврал дар баҳси додгоҳӣ оид ба “тӯҳмат”, ки онро худи ӯ дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад, ҳозир шуд.

Ӯ, ки моҳи августи соли 2020 заҳролуд шуд, дар Олмон табобат гирифта, 17-уми январи имсол ба Русия баргашт, вале баробари расидан ба Маскав боздошт шуд. Худи Навалний гуфт, заҳролуд кардани ӯро президент Владимир Путин амр додаанд, вале Кремл ҳама гуна иттиҳомро дар ин замина рад мекунад.

Дар Русия, инчунин, ишора мекунанд, ки таҳаввулоти атрофи Навалний як нақшаи тарҳрезишуда дар Ғарб аст.

Ҳамсари ӯ – Юлия Навалная, ки баъд аз ҳабси Навалний дар намоишҳои эътирозӣ иштирок карду чанд бор боздошт шуд, ба Франкфурти Олмон рафтааст. Эҳтимол меравад, ӯ мисли дигар муттафиқони Навалний, ки ҳадафи боздошту саркӯб қарор гирифтаанд, аз амнияти худ ҳарос дорад.

Маҷаллаи олмонии Der Spiegel бо такя ба як манбааш гуфт, Навалная ба кишвар бо ҳадафҳои “хусусӣ” рафтааст.

Додгоҳе дар Маскав ба ҳабси Леонид Волков, раҳбари ситоди Навалний амр дод, ки дар хориҷа ба сар мебарад. Волков ташаббускори намоишҳои эътирозии нав аст ва аз мардум даъват кард, ки рӯзи 14-уми феврал ба муддати 15 дақиқа ба кӯча баромада, фонус равшан кунанд.

Гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat ҳафтаи ҷорӣ навишт, ҷосусони амниятии рус як мунаққиди дигари Кремлин Владимир Кара-Мурзаро ҳам рӯзҳову ҳафтаҳои пеш аз ду ҳолати заҳролудшавиаш пайгирӣ кардаанд.

Кара-Мурза, ки дар канораҳои Вашингтон зиндагӣ мекунад, бо қонунгузорони аршади Амрико робитаҳои қавӣ барпо кардааст. Ин шахс барои дар соли 2012 дар Иёлоти Муттаҳида қабул шудани Қонуни Магнитский мавриди ҳадаф қарор гирифт. Ин қонун ба зидди шахсоне нигаронида шудааст, ки даст ба нақзи ҳуқуқи башар мезананд.

XS
SM
MD
LG