Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва СҶТ аз барномаи эмкунии шаш кишвари Аврупои шарқӣ хабар доданд


Ереван, пойтахти Арманистон. Августи соли 2020
Ереван, пойтахти Арманистон. Августи соли 2020

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Иттиҳоди Аврупо як барномаи минтақавиро бо арзиши 40 миллион евро роҳандозӣ мекунанд, ки зидди COVID-19 эм кардани аҳолии шаш кишвари воқеъ дар Аврупои Шарқиро пешбинӣ мекунад. Ин барнома Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Молдова ва Украинаро дар назар мегирад. Дар ин бора рӯзи 11 феврал СҶТ хабар дод. Воксинаҳо ҳам дар доираи барномаи COVAX-и СҶТ ва ҳам тавассути механизмҳои тақсими воксина дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ироа мешаванд. COVAX ташаббуси ҷаҳонӣ оиди бо воксина таъмин кардани кишварҳои нодор мебошад. Ҳамаи шаш кишвар дар талоши наздик шудан ба Аврупо мебошанд. Қарор аст ИА барномаи эмкуниро давоми се сол аз лиҳози молӣ таъмин карда, иҷроиши онро СҶТ ба ӯҳда мегирад.


XS
SM
MD
LG