Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Қирғизистонро барои "пули Ҳаҷ" дастгир кардаанд.ВИДЕО


Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев, пайрави Таблиғи ҷамоат аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти он манъ шудааст.
Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев, пайрави Таблиғи ҷамоат аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти он манъ шудааст.

Маъмурони амниятӣ Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев муфтии Қирғизистонро баъд аз чанд соати ба истеъфо рафтанаш бо гумони даст доштан дар фасоди молӣ дастгир карданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, муфтӣ ва зердастони дигараш пулеро, ки сокинон барои адои маросими Ҳаҷ ба Идораи мусалмонон медоданд, барои гирифтани баҳра ба дигарон қарз медоданд. Боздошти Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев рӯзи 10-уми феврал ва баъд аз бозпурсии сармуҳосиби Идораи муфтиёт сурат гирифтааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, тафтишоти амалкардҳои Идораи мусалмонон идома дорад.

Муфтии Қирғизистон бо иттиҳоми фасод боздошт шуд.Тарафдоронаш ба майдон баромаданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Турсунбой Боқир-уулу, вакил ва омбудсмени собиқ дар иртибот ба ин моҷаро мегӯяд: "Дар муфтиёт пули калон дар гардиш аст. Махсусан ҳангоми сафари Ҳаҷ ва Ҳаҷҷи Умра. Ҳамчунин, сарчашмаҳои дигари даромад ҳаст. Барои мисол, кишварҳои исломӣ тарҳҳои гуногунро сармоягузорӣ мекунанд. Аммо вазъи ҳозира барои мансаби муфтӣ пеш омадааст. Мақсади асосӣ гузоштани одами худ ба ин мақом ва гирифтани ҳаққи худ аз ин пулҳо аст."

Ҳар сол ҳазорҳо сокини Қирғизистон барои адои маросими Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Соли гузашта, қарор буд, шаш ҳазор кас ба зиёрат бираванд ва ҳар кадом 3350-долларӣ пардохтаанд, вале ба сабаби пандемияи коронавирус маросими Ҳаҷ сурат нагирифт.

Гуфта мешавад, ин пул ба ҳисоби муфтиёт ворид шудааст. Мақсадбек Токтомушев пеш аз истеъфо ва дастгир шуданаш гуфтааст, ки иддао дар бораи сӯистифода аз маблағҳои барои маросими Ҳаҷ "туҳмат аст".

Эътирози тарафдорони муфтии собиқ

Рӯзи 11-уми феврал ҷонибдорони Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гирд омада, озодии ӯро талаб карданд. Онҳо айни замон хостанд, қазияи муфтии собиқ одилона таҳқиқ шавад. Акин Токталиев, вакили мудофеъ гуфт: “ Муфтиёт идораи давлатӣ нест, ки тасдиқ кунанд, онҳо пулҳои давлатро дуздиданд. Онҳо Шӯрои уламои худро доранд, комиссияи махсус ҳаст, ки бахши молиро таҳқиқ мекунад. Ин кори дохилии онҳост."

Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев бори аввал соли 2014 муфтии Қирғизистон интихоб шуд. Вай соли 2017 бори дувум ба ин мақом омад ва маъмурияташ бояд моҳи апрели имсол ба поён мерасид. Ӯ яке аз чеҳраҳои намоёни равияи "Таблиғи ҷамоат" дар Қирғизистон аст. Ҷараёни мазҳабие, ки фаъолияташро дар Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Узбекистон манъ кардаанд.

Аз мансаб рафтани муфтиҳои Қирғизистон ҳамеша бо моҷаро ҳамроҳ будааст. Муфтии собиқ Муродалӣ Ҷуманов бар асари латукӯб фавтид. Суйун Кулуев, муфтии дигарро низ гуруҳҳои ҷиноӣ заданд ва ӯ ночор аз мансаб даст кашид. Чубак Ҷалилов, ки аз соли 2010 то 2012 муфтии Қирғизистон буд, низ зери фишор номаи истеъфоро навишт ва пеш аз муҳлат аз мақом рафт.

XS
SM
MD
LG