Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷид ва давлат дар Осиёи Миёна


Чубак аҷи Ҷалилов, муфтии пешини Қирғизистон.
Чубак аҷи Ҷалилов, муфтии пешини Қирғизистон.

Зимомдорон ва уламои динӣ дар Осиёи Миёна беш аз 1000 сол дар ҳамзистии наздик ва танготанг ба сар бурдаанд. Ҳар ду ҷониб дар бештари маврид барои нуфуз яке аз дигаре истифода кардаанд.

Ду ҳодисаи ахир – яке дар Қирғизистон ва дигаре дар Туркманистон нишон медиҳад, ки ҳоло дар ин самт чӣ гуна тағйироте сурат гирифтааст. Дар Қирғизистон масъала ҷудоии дин аз давлат мебошад. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзи 21-уми май як кумитаи порлумони кишвар тарҳи тағйиру иловаҳоро ба қонуни интихоботи президентӣ ва порлумонии Қирғизистон баррасӣ кардааст.

Яке аз ислоҳоти мавриди назар, маҳдуд кардани ширкати чеҳраҳои мазҳабӣ дар маъракаҳои интихоботӣ мебошад. Қарор аст, соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор шавад. Дар маъракаи интихоботи президентии соли 2017, шуморе аз чеҳраҳои маъруфи динӣ дар маъракаҳои таблиғотӣ ширкат карданд. Аз ҷумла, ҳамагӣ як моҳ камтар то интихоботи президентӣ, муфтии пешин Чубак аҷӣ Ҷалилов дар яке аз маъракаҳои интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков зоҳир гашт. Ҷеенбеков баъдан пирӯз эълон шуд.

Ҷалилов он замон гуфт, "ман ба инҷо на ба унвони муфтии пешин, на ба ҳайси аъзои Шӯрои байналмилалии уламо ва на аъзои Шӯрои уламои Қирғизистон, балки ҳамчун фарзанди мардуми қирғиз ва ҳамчун шаҳрванди кишвар, омадам". Вай дар идома гуфт, "дар ин макон аз хоки кишвар, дар рӯбарӯи мардумамон... мо мегӯем... мо ҳам аз Ҷеенбеков пуштибонӣ хоҳем кард".

Мардум он замон гуфтанд, ки ҷонибдории Ҷалилов аз як номзади сиёсӣ, мухолифи банди 22-и Қонуни интихобот мебошад. Аммо тими интихоботи Ҷеенбеков дар посух гуфт, ки Ҷалилов ба ин ҳамоиш даъват шуда буд ва ҳайати корӣ аз вай хоҳиш кард, то суханронӣ намояд.

Бо пешниҳоди ин ислоҳот, ҳоло мехоҳанд, роҳи ширкати рӯҳониён дар чунин маъракаҳоро бигиранд. Рӯҳониёне чун Ҷалилов дар миёни як қишри муайяни ҷомеа соҳиби эҳтиром ҳастанд ва таъйиди онҳо тақрибан бархе аз мардумро мутақоид мекунад, ки раъйи худро барои номзади тавсияшуда бидиҳанд. Ҳеҷ кас дар Қирғизистон маҳдуд кардани нақши ислом дар кишварро пешниҳод накардааст, аммо бархе дар ҳукумат ба ин назар ҳастанд, ки масҷид ва давлат бояд аз ҳам ҷудо бошанд.

Дар Туркманистон, ба назар мерасад, ки ҳукумат рӯҳониёро барои ҳимоят аз раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов сафарбар мекунад.Тибқи иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзи 17-уми май дар ҷараёни намози ҷумъа дар масҷидҳои шаҳри Ишқобод имомон аз сокинон даъват карданд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дӯст доранд ва аз Худо барои вай сиҳативу умри дароз талаб кунанд.

Ин чизи наве дар масоҷиди Осиёи Миёна нест. Дархостҳои монанд барои амирон ва хонҳо тайи қарнҳо дар масоҷиди минтақа сурат гирифтааст. Дар Тоҷикистони муосир, имом-хатибон дар ҷараёни намозҳои ҷумъа президент Эмомалӣ Раҳмонро ситоиш мекунанд. Аммо дар мавриди Бердимуҳаммедов, имомон ҳамчунин дар ҳаққи душманони президент лаънат фиристоданд.

Ин дидгоҳҳо, чигунагии вазъ дар Туркманистонро бозгӯ мекунад. Барои солҳо, сиёсати "бетарафии мусбат"-и Туркманистон ин нуктаро таъкид мекард, ки душмане вуҷуд надорад. Аммо зоҳиран кас фикр мекунад, ки раиси ҷумҳури Туркманистон акнун душман дорад. Истифода аз рӯҳониён ба вижа аз замоне ки ҳукумати Туркманистон нақши динро ниҳоят маҳдуд кард, барҷастатар шудааст. Масҷидҳо ба унвони як абзор барои ба даст овардани ҳимояти мардумӣ истифода мешаванд.

Ҳаводиси ҳафтаи ахир дар Қирғизистон ва Туркманистон мумкин барои муҳаққиқони таърихи Осиёи Миёна ошно бошад. Ин марҳилаи нав аст ва чеҳраҳо ҳам дигар шудаанд, аммо таъомул миёни масҷид ва давлат ба назар мерасад, ки хеле ҳам тағйир кардааст.

Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG