Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷотбахшони тоҷик мегӯянд, 216 нафарро "аз марг наҷот доданд"


Маъмурони наҷот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта ҷони 218 нафарро аз марг наҷот дода ва ё аз вартаи ҳалокат раҳонидаанд. Раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтанд, ки соли 2020 ба ин кумита 781 маротиба барои кумак муроҷиат кардаанд ва дар ин сол “ҷони 216 нафарро аз марг наҷот доданд.”

Ба гуфтаи онҳо, аз ин миён 148 нафарро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, аз об берун кашидаанд. Нуҳ нафари дигарро аз чанголи тармаву селоб раҳо кардаанд. Бо вуҷуди ситоиши мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз корашон дар соли 2020 танқид аз сустии онҳо ва дер расидан ба доди мардуми гирифтор дар мушкилот кам набуд. Соли гузашта сокинони деҳоти селобзада мегуфтанд, ки мақомот ва маъмурони наҷот саривақт ба кумаки онҳо нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG