Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ҷаласаи монанд ба даврони шӯравиро барпо кард


Александр Лукашенко дар Анҷумани шашуми мардумии Беларус. 11 феврали соли 2021, Минск
Александр Лукашенко дар Анҷумани шашуми мардумии Беларус. 11 феврали соли 2021, Минск

Александр Лукашенко як маҷлиси монанд ба даврони шӯравиро ифтитоҳ карда онро “Анҷумани мардуми Беларус” номид. Ҳадафи он баррасии ислоҳот ва рушди кишвар дар 5 соли минбаъда мебошад. Эҳтимолан дар ин анҷуман инчунин тағйироти конститутсионӣ ҳам баррасӣ шавад, ки талоши дигар барои раҳидан аз эътирозҳои серҷамъияти мардумӣ алайҳи ҳукумати ӯ мебошад. Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат аст, кори анҷумани дурӯзаро 11-уми феврал бо ин суханон шурӯъ кард, ки “ҳамлаи раъдосо”-и хориҷӣ болои Беларус ноком шуд. Лукашенко зимни сӯҳбат дар ҳузури 2700 вакили анҷуман – аксар кормандони давлат ва интихобшудаҳо аз ҷониби мақомот - гуфт: “Мо тавонистем кишварро нигаҳ дорем. Феълан... Бояд новобаста ба ҳар чиз онро ҳифз кунем. Имсол, соли 2021, ҳалкунанда мешавад”. Мухолифони Лукашенко кори анҷуманро ҳамчун як таҷрибаи шармандавор барои ҳифзи қудрат айб карданд. Лукашенко баъди интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 худро баранда эълон кард, вале мухолифон ва тарафдорони онҳо ба нишони эътироз аз тақаллуби натиҷаҳо ва ҳузури дарозмуддати Лукашенко дар қудрат даст ба эътирозҳои хиёбонӣ заданд. Мақомот эътирозҳоро саркӯб ва ҳазорҳо нафарро боздошту шиканҷа карданд.

Дар изҳороти сафорати ИМА дар Беларус рӯзи 11-уми феврал гуфта шудааст, ки анҷуман ҷавобгӯи эҳтиёҷоти мардуми Беларус нест ва наметавонад бӯҳрони сиёсии кунуниро бартараф кунад.

XS
SM
MD
LG