Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қирғизистон муфтии он кишварро боздошт карданд


Мақсадбек Токтомушев, раиси Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон.
Мақсадбек Токтомушев, раиси Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъди бозпурсии сармуҳосиби Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон муфтии он кишвар Мақсадбек ажӣ Токтомушевро боздошт кард.

Дар ҷараёни бозпурсии сармуҳосиб мақомот муайян карданд, ки муфтӣ дар содир кардани фасодкорӣ даст дорад. Маблағеро, ки сокинон барои адои маросими ҳаҷ дар ихтиёри Идораи маънавии мусалмонон қарор медоданд, муфтӣ ва дигар масъулони муфтиёт бар ивази баҳра ё фоиз ба дигарон қарз медодаанд.

Дар асоси нишондодҳои сармуҳосиб муфтии Қирғизистон бо гумони содир кардани ҷиноят рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, тафтишот нисбати Идораи маънавии мусалмонон идома дорад.

XS
SM
MD
LG