Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқутистон 33 навъи корро барои муҳоҷирон номумкин хонд


Декабри соли 2020, шаҳри Якутски минтақаи Ёқутистон. Бозори фурӯши моҳии яхзада. Ҳарорати ҳаво -43
Декабри соли 2020, шаҳри Якутски минтақаи Ёқутистон. Бозори фурӯши моҳии яхзада. Ҳарорати ҳаво -43

Дар Ёқутистони Русия 33 намуди фаъолият барои муҳоҷирони корӣ манъ шуд. Ин маҳдудият ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки бо патент кор мекунанд. Руйхати фаъолиятҳоро ҳукумати Ёқутистон тасдиқ кардааст. Бар пояи он, муҳоҷирон то охири соли ҷорӣ ҳақ надоранд дар бахши савдо мусофирбариву боркашонӣ, тандурустиву маориф, меҳмонхонаҳо, кишоварзӣ ва тиҷорати яклухту чакана кор кардан наметавонанд.

Сабаби ин қарор шарҳ дода намешавад, вале дар гузашта таҳлилгарон гуфтаанд, ки ҳама гуна монеаҳо дар кори хориҷиҳо бо талоши бо кор таъмин кардани шаҳрвандони худӣ рабт мегирад. Вале бисёр вақт сокинону шаҳрвандони маҳаллӣ ба корҳое, ки муҳоҷирон ҷалб мешаванд, майл надоранд, чун шароити кораш сангину даромадаш камтар мебошад.

XS
SM
MD
LG