Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Шултс, собиқ котиби давлатии Амрико дар 100-солагӣ даргузашт


Собиқ котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Шултс
Собиқ котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Шултс

Собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико, Ҷорҷ Шултс, дар 100-солагӣ даргузашт. Ӯро яке аз саҳмгузорони хатми Ҷанги Сард меноманд.

Пажӯҳишгоҳи Ҳувер рӯзи 7-уми феврал хабар дод, ки Шултс "як сиёсатмадори бисёр бонуфузе дар таърихи Амрико буд ва дар замони раҳбарии се президент ифои вазифа кардааст."

Ӯ дар замони президентии Роналд Рейган (1982-1989) дар мақоми котиби давлатӣ кор кардааст. Дар замони президент Ричард Никсон дар вазифаҳои вазири молияву вазири кор ва раиси Идораи мудирият ва буҷа будааст.

Шултс дар замони барқарории равобити хуб бо Иттиҳоди Шӯравӣ ба Рейган машваратҳо додааст, ки бо раҳбари ин кишвар Михаил Горбачев равобити дӯстона барпо кунад. Як саҳми муҳими ин ҳамкориҳо имзои Созишномаи назорати силоҳҳои ҳастаӣ буд.

Нақши ӯро дар талоши хатми ҷанги Исроилу Фаластин ва ҷанги дохилии Лубнон дар солҳои 80-ум низ хеле муҳим меноманд. Баъд аз тарки мақомҳои давлатӣ, Шултс дар Пажӯҳишгоҳи Ҳувер ба ҳайси мушовир кор кардааст.

XS
SM
MD
LG