Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи як таркиш дар Кобул чанд ҳиндутабори бумӣ захмӣ шуданд


Марде аз миёнаи харобаҳои таркиш меугазард- Ҷалолобод, Афғонистон. 20-уми феврали 2018
Марде аз миёнаи харобаҳои таркиш меугазард- Ҷалолобод, Афғонистон. 20-уми феврали 2018

Ба иттилои пулис дар натиҷаи як инфиҷор дар шаҳри Кобул ҳади ақал шаш фарди мулкӣ, аз ҷумла се тан аз ҳиндутаборони бумӣ захмӣ шуданд.

Фирдавс Фаромарз намояндаи пулис субҳи рӯзи 6-уми феврал ба расонаҳо гуфт, ки инфиҷор дар фурӯшгоҳе дар минтақаи Беги Қозии шаҳри Кобул рух додааст.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ташкили ин инфиҷорро бар душ нагирифтааст.

Дар гузашта ҷангиёни марбут ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ташкили чанде аз ҳамлаҳои маргбор зидди ҳиндутаборон ва ҷомеаи сикхҳо дар ин кишвари ҷанзадаро бар душ гирифта буданд.

Ба иттилои ҳайати сулҳи НАТО дар Афғонистон, аз 1-уми октябр то 31-уми декабри соли 2020 дар Афғонистон 810 нафар кушта шуда, 1776 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG