Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми байналмилалии дӯстона бар тими миллии Урдун бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Ин бозӣ шоми ҷумъаи 5-уми феврал дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, доир гардид. Голи ягонаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона, ки 1-уми феврал дар Дубай сурат гирифт, аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд.
Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун дар доираи омодагии футболбозони тоҷик ба бозии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Муғулистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, баргузор шуданд.
Вай афзуд, “ба ман муҳим нест, ки ҳоло пирӯз шавем, мехоҳам, ки дар бозиҳои асосӣ ғолиб гардем. Аммо аз ҷониби дигар пирӯзӣ ба бачаҳо умед мебахшад, таҷриба касб мекунанд ва мефаҳманд, ки роҳи пешгирифтаи мо дуруст аст. Бинобар ин, минҳайси мураббӣ гуфтаниам, ки бачаҳо кӯшиши зиёд карданд, вале ба онҳо маҳорат намерасад. Мо бояд ҳарчи бештар бозиҳо баргузор кунем ва таҷрибаи хуби байналмилалӣ касб намоем.”
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – ба Дубай рафта буд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1-уми феврал (душанбе)
Урдун – Тоҷикистон – 2:0
Голҳо: Аҳмад Ҳамдунӣ, 37 – аз пеналти (1:0), Муҳаммад Абу Зрайқ,44 (2:0).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (капитан ё сарвон), Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмуъмин Забиров, 82), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 73), Ҷаҳонгир Эргашев (Табрези Давлатмир, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҳир Малодустов, 82).
1-уми феврал. Дубай, Варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
5-уми феврал (ҷумъа)
Урдун – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 79.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ислом Зоиров, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Илҳомҷон Баротов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 76), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 70, Абдулмуъмин Забиров, 90+3).
5-уми феврал. Дубай, Варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ