Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Навалний: феълан эътироз намешавад. Тамаркуз ба интихобот аст


Леонид Волков
Леонид Волков

Ҳамкорони Алексей Навалний дар фурсати наздик дигар даст ба эътироз заданӣ нестанд. Дар ин бора Леонид Волков, раҳбари ситодҳои минтақавии Navalny.LIVE хабар дод. Радио Свобода менависад, дар паи намоишҳои сартосарии эътирозии 23 ва 31-уми январ ва инчунин 2 февралу ҳабсҳои фаъолон эҳтимоли масдуд шудани кори тими Навалний ва ҳам камаҳамият шудани эътирозҳо вуҷуд дорад. Илова ба ин, бархе фаъолон дар минтақаҳои Русия бо таҳдиди парвандаҳои ҷиноӣ рӯбарӯ ҳастанд. Волков гуфт, эҳтимолан эътирозҳои хиёбонӣ аз баҳор азсар гирифта шаванд.

Волков инчунин бархе стратегияҳои баъдии тими Навалнийро ошкор кард. Ӯ гуфт, ҳамкорони Навалний ва Иттиҳоди Аврупо як тарҳеро таҳия мекунанд, ки ба ҳабси дороиҳои мақомдорони Русия, пеш аз ҳама атрофиёни президент Владимир Путин рабт мегирад. Волков гуфт, пулҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ҷамъоварӣ ва ба Аврупо интиқолшуда бояд ба Русия баргардонида шаванд.

Волков гуфт, ки тими Навалний ҳоло сари интихоботи Думаи давлатӣ тамаркуз мекунад. Бунёди зиддикоррупсияи Навалний мегӯяд, ки дар интихобот бояд “овоздиҳии боҳушона” нақши калон бибозад. Ин тарҳ пуштибонӣ аз ҳама гуна номзадҳои рақиби аъзои “Единая Россия”-ро дар назар мегирад. Волков гуфт, ки барои интихоботи моҳи сентябр 200 ҳазор нозирро омода мекунад.

XS
SM
MD
LG