Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷейми Флай дигарбора президенти Радиои Озодӣ таъин шуд


Ҷейми Флай.
Ҷейми Флай.

Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дигарбора Ҷейми Флайро ба унвони президенти ин бунгоҳи хабарӣ таъйин карданд. Ӯ аз 16-уми феврали имсол ба фаъолияти худ ба унвони президенти нави Радиои Озодӣ оғоз мекунад. Флай аз моҳи августи соли 2019 то июли соли 2020 низ раҳбарии ин бунгоҳи хабариро ба ӯҳда дошт.

Ҷейми Флай рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "аз бозгашт ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, барои раҳбарии ин бунгоҳи хабарӣ дар ин давраи чолишбарангез ҳаяҷонзада ҳастам."

Вай дар идома афзуд, "ман бо рӯзноманигорон ва кормандони Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ ифтихор мекунам, ки сарфи назар аз фишорҳои пандемия ва чолишҳои рӯбарӯи РАО/РО, ба рисолати худ барои расонидани ахбор ва иттилооти бетараф ба шахсоне, ки ба он ниёз дорад, идома медиҳанд. Ин барои ман шараф аст, ки бори дигар дар паҳлӯи онҳо кор мекунам."

Карен Корнблун, раҳбари Шӯрои таҳририяи Радиои Озодӣ аз таъйини Ҷейми Флай ба ин мақом истиқбол кард ва гуфт, "ман ва ҳамкорон дар Шӯрои таҳририяи Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ хушҳолем, ки Ҷейми Флай пазируфт, ба вазифаи худ дар Прага баргардад".

"Аз Белорус гирифта то Русияву Афғонистон ва ҷойҳои дигар, рӯзноманигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нақши муҳим доранд, то мустақилона хабар диҳанд ва алтернативаи боэътимод ба маълумоти нодурустро пешниҳод кунанд", -- афзуд ӯ.

Ҷейми Флай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Ҷейми Флай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ҷейми Флай дар соли 2019 пас аз интихоб шуданаш ба вазифаи президенти РАО/РО нахустин сафари хориҷиашро дар ин мақом ба Тоҷикистон анҷом дода буд.

Ӯ ҳамеша аз ҳуқуқи кормандони Радиои Озодӣ дар инҷо ҳимоят мекард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ вохӯрда, сари ин масъала баҳс карда буд.

Таъйини Ҷейми Флай ба унвони президенти РАО/РО дар ҳоле сурат мегирад, ки Келу Чао, иҷрокунандаи мақоми раиси USAGM -- Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико бо як қарори худ аз 22-юми январ, президенти РАО/РО Тед Липйенро ҳамроҳ бо ду раҳбари RFA ва MBN ҳамагӣ як моҳ баъди таъин шудан ба ин мақом барканор кард.

Ин тағйирот баъд аз он сурат гирифт, ки Майкл Пак - дастнишондаи президенти пешин Доналд Трамп – дар чанд соат баъди сари кор омадани президенти нави Амрико Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ аз мақоми раҳбари USAGM истеъфо дод. Демократҳову ҷумҳурихоҳҳо дар Амрико Пакро барои сиёсатҳову таъиноташ интиқод мекарданд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз лиҳози касбӣ озод буда, бо 27 забон барнома омода мекунад ва ҳар ҳафта беш аз 37 миллион нафарро дар 23 кишвари ҷаҳон фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG