Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди тоҷикро бо гумони куштани ҳамсару хусураш дар Русия дастгир кардаанд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, як марди тоҷикро бо гумони куштани ҳамсару хусураш дар шаҳри Перм дастгир кардаанд. Кумитаи тафтишотии Перм рӯзи 4-уми феврал иттилоъ дод, ки мард Шоҳназар ном дорад ва бар асоси қисми дуи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия муттаҳам аст. Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар Перм, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар як пайи моҷарои оилавӣ рух додааст. Ӯ гуфт: “Шавҳар аз занаш хостааст, ки фарзанд таваллуд кунад, вале ӯ бинобар вазъи нохуби саломатӣ вориди баҳс шудааст. Ҳамин тавр, кор ба куштор кашида шудааст.” Иброҳимов гуфт, ин хонавода аз ноҳияи Тоҷикобод ҳастанд ва ҳоло санадҳои онҳоро дуруст мекунанд. Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва баъзеи онҳо бо аъзои хонавода ҳастанд. Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Перм навиштааст, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG