Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Боррелл ба Маскав дар фазои интиқодҳо аз ҳабси Навалний


 Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Сафари серӯзаи Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Маскав 4-уми феврал дар пасманзари интиқодҳои афзояндаи Ғарб аз зиндонӣ шудани раҳбари мухолифон Алексей Навалний ва саркӯби эътирозҳо ҷараён мегирад. Ин мавзӯъ яке аз масоили калидӣ дар музокираҳои Боррел бо мақомоти Русия мешавад. Дар аввалин сафари фиристодаи ИА ба Русия баъди соли 2017 Боррелл гуфт, ки ба Кремлин “паёми рӯшан” хоҳад дод. Маскав то ҳол даъватҳо ба озод кардани Навалнийро аз зиндон нодида гирифтааст. Ӯ дар як мурофиаи 2-юми феврал бо гуноҳи нақзи ҳабси шартӣ аз рӯи мурофиаи соли 2014 оид ба фасод ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ин дар ҳолест, ки Навалний аз моҳи августи порсол то 17-уми январи имсол дар Берлин буд ва аз осори як заҳри низомӣ табобат мегирифт.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 3 феврал Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки бо вокуниш ба қазияи Навалний “аз ҳад гузаштааст”. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Маскав барои пешбурди равобит бо Брюссел “ба ҳама чиз омода аст”, вале Кремлин “омода нест, ки маслиҳатҳо”-ро гӯш кунад.

XS
SM
MD
LG