Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори тоҷик гуфт, барои овардани моли соҳибкорон бо Чин музокирот доранд


Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палата (Утоқ)-и савдо ва саноати Тоҷикистон
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палата (Утоқ)-и савдо ва саноати Тоҷикистон

Дар пасманзари шикояти тоҷирони тоҷик аз банд мондани молҳои харидаашон дар марзи Чин, масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомот барои ҳалли масъала бо Пекин музокирот доранд. Даҳҳо соҳибкор аз он шикоят карданд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, аз мушкили соҳибкорон дар овардани маҳсулот аз Чин огоҳӣ доранд ва барои ҳалли мушкил гуфтугӯ бо Пекин идома дорад. Ҷумъахонзода афзуд, пеш омадани чунин вазъ на аз Тоҷикистон, балки аз Чин вобастагӣ дорад.

“Яке аз масъалаҳо пандемияи COVID-19 аст, ки инҷо нақш бозӣ кард. На танҳо Тоҷикистон, балки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя низ бо ин мушкил рубарӯ шудаанд. Ҳамчунин, ҳамасола дар Чин соли нави миллии худро ҷашн мегиранд ва дар арафаи соли нав то қариби ду моҳ марзҳоро мебанданд”, -- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Вале тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба хотири соли нави чинӣ, ҳамасола дар моҳҳои январ ва феврал марзҳо баста мешуданд, вале имсол ин вазъият ҳанӯз аз тирамоҳ оғоз шудааст.

Абдулло, як соҳибкори тоҷик, ду ҳафта пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор моҳ аст, ки мунтазири омадани бор аз Чин аст. Абдулло дар бозори “Корвон” кор мекунад ва мегӯяд, мавсими пойафзолҳои зимистона, ки қарор буд тирамоҳ вориди бозор мекард, алакай гузашт, аммо ҳанӯз аз борҳо дарак нест.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон пурра қатъ нашуда, баъзе аз соҳибкорон бо таъхир колои худро ба кишвар ворид мекунанд.

Ҳарчанд рӯзи 19-уми январ дар гузаргоҳи марзии "Қулма-Қаросу" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, воридоти мол аз Чин аз тирамоҳи соли гузашта манъ шуда, марз бастааст ва маълум нест, кай кушода мешавад.

Дар чунин шароити норӯшанӣ даҳҳо тоҷир аз эҳтимоли касод шудани тиҷораташон нигаронанд. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва соҳибкорони тоҷик, ба ҷуз аз хӯрокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, бештари молҳои ниёзи мардумро аз Чин меоранд.

Додугирифти ду кишвар дар соли 2020 зиёда аз 342 миллион долларро ташкил додааст. Мақомот гуфтанд, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 96 миллион доллар камтар аст.

Ба иттилои баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ, "ҷониби Чин ваъда додааст, ки моҳи марти имсол сарҳад боз мешавад". Аммо ҳанӯз иттилои расмӣ дар робита ба боз шудани марзҳо нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG