Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Кароматулло Ҷабборов ба баррасии иловагӣ фиристода шуд


Кароматулло Ҷабборов дар курсии додгоҳ
Кароматулло Ҷабборов дар курсии додгоҳ
Парвандаи Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик ва ширкаткунандаи саҳнаи шӯхиомез ва ё пранкии коронавирус дар метрои Маскав барои баррасии иловагӣ ба додситонӣ бозпас фиристода шуд. Додгоҳи Пресненскии шаҳри Маскав гуфт, ҳангоми муҳокимаи парванда дар таъйини айбнома қонуншиканиҳоро ошкор кардааст. Тибқи ҳукми муваққатии додгоҳ қонуншиканиҳои ҷойдошта баррасии паврандаи ҷиноиро халадор мекунад. Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкил ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд. Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд. Барои ин шухӣ ба блогери тоҷик ва ҳамроҳонаш то ҳафт соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG