Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Байден ва ҳамсараш дар маросими гиромидошти полиси кушташудаи Капитол


Ин сокини ИМА ба нишони эҳтиром ба афсари кушташудаи полис Браян Сикник, ки ҳангоми ҳимоят аз Капитол кушта шуд, чанд рӯз баъди даргузашташ бо дастаи гул назди бинои Конгресс омадааст
Ин сокини ИМА ба нишони эҳтиром ба афсари кушташудаи полис Браян Сикник, ки ҳангоми ҳимоят аз Капитол кушта шуд, чанд рӯз баъди даргузашташ бо дастаи гул назди бинои Конгресс омадааст

Президенти ИМА Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷилл Байден дар маросими поси хотири ходими полиси дар рӯзи ҳамла ба бинои Конгресси ИМА кушташуда иштирок карданд. 6-уми январ, соатҳое, ки аъзои Конгресс натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020-ро тасдиқ мекарданд, издиҳоми хашмолуди тарафдорони президенти пешин Доналд Трамп ба бинои Капитол ҳамла кард. Ҳамкорону меҳмонон рӯзи 2 феврал дар бинои Конгресс аз назди хокистари афсари кушташуда Браян Сикник гузашта эҳтироми худро ба корномаи фоҷеабори полис изҳор намуданд.

Дар изҳороти полис гуфта шуд, ки Сикник ба ҳангоми “тамоси ҷисмонӣ бо эътирозгарон” маҷрӯҳ шуд, вале маълум нест, ки сабаби марги ӯ оқибат чӣ буд. Ҳамкорони ин ходими полис ба матбуот гуфтанд, ки издиҳоми мардум ба сари афсари 42-сола бо балони оташхомӯшкунӣ зарба задааст. Сикник баъди хатми таҳсил, дар ҳайатҳои низомии Арабистони Саудӣ ва Қирғизистон кор кардааст. Ӯ соли 2008 барои кор ба бинои Капитол қабул шуд. Ӯро дар як қабристони миллии Арлингтон ба хок месупоранд.

XS
SM
MD
LG