Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИДМ маркази мубориза бо маблағгузории терроризмро таъсис медиҳад


Соли 2019 нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил
Соли 2019 нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Масъулини Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мегӯянд, ки дар назди ин созмони зери назари Русия қарор аст Маркази арзёбии хатарҳои пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм сохта шавад. Хабаргузории "Интерфакс-Запад" рӯзи 3-юми феврал бо такя ба дафтари матбуоти ИДМ навишт, ки вазифаи ин марказ аз тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои марбут ба иктишофи молӣ иборат хоҳад буд. Дар бораи зарурати таъсиси чунин як марказ рӯзи 2 феврал дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ИДМ таъкид шудааст, ки ба таври онлайнӣ барпо шуд. Ин марказ бар асоси созиши байнидавлатии ширкатҳои узв ташкил хоҳад шуд, вале маълум нест, ки маблағгузории он чигуна сурат мегирад ва сохтори ин марказ аз чӣ иборат мешавад.

Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки ба хотири мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм амалиёти ба ном “Орион” роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ҳадафаш маълум кардани ширкатдорони бозори махфии маблағгузориҳои машкук мебошад. Намунаи чунин амалиёт бо номи рамзии “Роҳи Каҳкашон” соли 2015 ҳам дар кишварҳои ИДМ барпо шудааст. Дар хабар дар бораи натиҷаҳои ин амалиёт иттилое дода намешавад. Аз ҷумла, маълум нест, ки то куҷо фаъолияти ин созмон воқеан ҳам барои муқобила бо фасод равона шуда, барои истифода бар зидди мунаққидони режимҳо ба кор намеравад.

Дар ҷаласаи ахир намоянагони кишварҳои Арманистон, Беларус,
Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат кардаанд.

Баъзе аз таҳлилгарон ИДМ-ро, ки зери назари Маскав таъсис шудааст, як ташаккули дигари монанд ба СССР меноманд. Аксар ташаббусҳои ин ва дигар созмонҳои сиёсии зери назари Русия ба тақвияти ҳукуматҳои худкома аз роҳи бештар кардани салоҳиятҳои сохторҳои интизомиву қудратӣ равона шудааст. Дар нишастҳои ин созмонҳо маъмулан масъалаи ҳуқуқи башар, демократияву интихоботҳои шаффоф ва озодиҳои сиёсиву эътиқод расидагӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG