Корманди пулис дар вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 3 феврал аз рабудани духтари ноболиғе пешгирӣ карданд.
Пулиси роҳ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандае дар дохили мошин духтареро мушоҳида карданд. Он духтар хабар дод, ки ӯро аз муассисаи таҳсилотие аз шаҳри Токмак рабудаанд. Духтарро мехостанд, ба яке аз деҳаҳои наздики фурудгоҳи "Манас" баранд.
Ронанда ва як марди дигар, ки ҳар ду 20 сол доранд, боздошт шуданд.
Дар Қирғизистон соли 2013 барои арусрабоӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин шуд. Бар асоси қонун, маҷбур кардани духтар ба издивоҷ аз 5 то 7 соли зиндон дар пай дорад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин мушкил дар ҷомеаи Қирғизистон ҳамоно ҷо дорад. Коршиносон мегӯянд, аксари ин гуна ҳолатҳо расонаӣ намешаванд ва то додгоҳ намеранд.