Додгоҳи олии Покистон гуфт, ки Аҳмад Умар Саид Шайх, марди маҳкумшуда ба қатли журналисти амрикоӣ Даниэл Пёрл, озод мешавад. Се узви Додгоҳи олии Покистон рӯзи 2-юми феврал қарори додгоҳи вилоятиро дар бораи аз зиндон озод кардани Шайх баъди 18 соли ҳабс дуруст шумурд.
Аҳмад Умар Саид Шайх соли 2002 ба рабудан ва куштани Пёрл гунаҳкор ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вале дар як ҳукм аз соли 2021, ки боис ба хашму эътирози Амрико гардид, ӯву се нафари дигарро аз идомаи иҷрои ҷазо раҳо кард.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен қарори додгоҳро ҳамчун "таҳқири қурбониҳои терроризм дар ҳама ҷо, аз ҷумла Покистон" интиқод кард.
Пёрли 38-сола раиси бюрои Осиёи Ҷанубии нашрияи The Wall Street Journal буд. Ӯ моҳи январи соли 2002 дар шаҳри Карочи рабуда ва баъди чанде хабари қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳам ба сафорати Амрико дар Покистон ирсол шуд.
Шахсони гунаҳкор дар куштори Пёрл афроди вобаста ба гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ мебошанд.