Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4,5 миллион тоҷикистонӣ симкортҳоро дубора  сабти ном  карданд


То имрӯз 4,5 миллион муштарӣ дар Тоҷикистон симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нави паластикӣ дубора сабти ном карданд. Дар ин бора Хадмоти алоқа дирӯз дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи хадамот, дар кишвар муштариёни шабакаҳои мобилӣ 7 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин тартиб боз 2 миллиону 600 ҳазор нафари дигар бояд симкортҳояшонро дубора сабти ном кунанд. Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шурӯъ шуд.Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, аммо мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд. Пештар мақомоти Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи нави пластикӣ ва сабтиноми дубораи симкортҳо то рӯзи 15-уми феврали соли 2020 фурсат дода буданд. Баъдан ин муҳлат бо қарори президенти Тоҷикистон то 15-уми феврали соли 2022 дароз карда шуд.

XS
SM
MD
LG