Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ташхиси тиббии муҳоҷирон дар Русия


Фурудгоҳи "Толмачёво"-и шаҳри Новосибирск
Фурудгоҳи "Толмачёво"-и шаҳри Новосибирск

Ҳукумати Русия пешниҳод дорад, шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар бе виза ворид шуда, беш аз 90 рӯз мемонанд, аз ташхиси тиббӣ ва сабти биометрӣ гузаранд. Тарҳи қонун дар ин замина дирӯз ба Думаи давлатӣ ворид шудааст. Муаллифони тарҳ бар ин боваранд, чунин табдирҳо барои беҳтар кардани амнияти беҳдоштиву санитарӣ дар Русия ва ҳамчунин пинҳон намондани маълумоти шахсии хориҷиёне, ки узви гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳастанд, мусоидат хоҳад кард. Ба қавли муаллифон, то 1-уми марти соли 2020 гурӯҳи хориҷиёне, ки бидуни виза ба Русия ворид шудаву беш аз 3 моҳ дар он ҷо мондаанд, 2,5 миллион нафар ҳисоб шудааст. Ташхиси ҳатмии тиббӣ ва сабти биометрӣ ба ноболиғону афроди бознишаста дахл нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG