Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, танқиди суръати интернет одилона нест. ВИДЕО


Мақомоти Хадомати алоқаи Тоҷикистон шикоят ва интиқоди муштариён дар бораи заиф шудани суръати интернет дар кишварро бепоя хонданд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси хадамот рӯзи 1-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, онҳо паст шудани сифату суръати интернет дар кишварро мушоҳида накардаанд: “Раёсатҳову зерсохторҳои хадамот, ки оид ба фаъолият, назорат ва танзим дар ин самт кор мебаранд, камбудии ҷиддие мушоҳида накардаанд.”

Дар ҳоле ки масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз вазъи соҳаи мухобирот, аз ҷумла дастрасӣ ба Интернет ситоиш мекунанд, таҳлилгарон мегӯянд, солҳои ахир соҳа он тавре, ки масъулон мегӯянд, рушд накардааст. Дар баҳсҳо атрофи бурду бохти арсаи телекоммуникатсия, нигаронии сокинон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар атрофи нархи гарону сифати пасти интернет садо медиҳад.

Хадамоти алоқа мегӯяд, танқидҳо аз суръати интернет одилона нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа натиҷаи кори ин ниҳод дар соли гузаштаро хуб арзёбӣ карда гуфтнамуда, гуфт, онҳо сифати пасти Интернетро мушоҳида накардаанд. Ӯ афзуд, баръакс дар ин самт пешравиҳо шудааст. Атоев гуфт, агар то соли 2019 Интернет бо суръати 20 гигабит дар сония ба Тоҷикистон ворид мешуд, ҳоло ба 70 гигабит расидааст.

Ситоиши муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки баъзе таҳлилгарони бахши мухобирот бар инанд, ки алоқаи мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистон то соли 2016 дар ҳоли рушд будааст. Онҳо заминагузори рушди мухобирот дар Тоҷикистонро бо исми марҳум Саид Зувайдов рабт медиҳанд, ки аз соли 2004 то соли 2008 вазорати алоқаи Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Ғафурҷон Эркаев, таҳлилгари масоили мухобирот ба Радиои Озодӣ гуфт, Саид Зувайдов ташаббускори гузариш ба хизматрасонии рақамии истгоҳҳои телефонҳои шаҳрӣ буд:”Ширкате буд, ZTE, агар дар хотир дошта бошед, ZTE таҷҳизоти рақамиро ба истгоҳҳои телефонҳои шаҳрӣ дастрас мекард, ки аз хидматрасонии аналогӣ ба хидматрасонии рақамӣ барои муштариён гузашта буданд. Ин ба афзоши ҳаҷми шабакаҳои мухобирот ва дигар имкониятҳо мусоидат кард”.

Хидмати вазири пешин?

Эркаев бар ин аст, ки замони раҳбарии марҳум Саид Зувайдов, Тоҷикистон ба бозори байналмилалии мухобирот ворид шуда, ширкатҳои зиёди мобилӣ ба кишвар роҳ ёфтанд. Ба қавли ӯ, дар соли 2006 хадамоти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор доштанд.

Саид Зувайдов, вазири пешини алоқаи Тоҷикистонро аз ҷумлаи вазирони технократ ва муваффақи ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Ислоҳоти низоми мухобирот ва рушди системаҳои телекомуникатсионии кишварро ба фаъолияти ӯ рабт медиҳанд. Гоҳе коршиносон ва муттахассисони соҳа дар ҷамъи худ ӯро бо эҳтиром «падари инқилоби мобили Тоҷикистон» низ ном мебурданд.

Бархе аз огоҳон, ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо барои ширкатҳои мобилӣ ва дар пай заъфи хизматрасониҳои мухобироту интернетро ба исми раҳбарияти феълии хадамоти алоқа рабт медиҳанд. Дар ҳоле, ки раҳбарияти феълии хадамот ин иддаоҳоро ҳамеша рад мекунанд. Ҳамсӯҳбатони мо барои рушди соҳа нақши мудирияти касбиро муҳим арзёбӣ карданд.

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, аз замоне ки роҳбарии Хадамоти алоқа ба ҷаноби Бег Сабур гузашт, аҳволи соҳаи рӯ ба рушд бад шуд. “Аз бозори рақобатӣ ба бозори монополӣ табдил ёфт, рақобат танҳо дар рӯи коғаз аст, дар асл бозор, хусусан вақте гап сари хидматрасонии дастрасӣ ба интернет меравад бозори “Тоҷиктелеком” аст, ширкати давлатие, ки идораи он дар дасти Бег Сабур аст”- афзуд, ӯ.

Чунин иддаоро намояндагони Хадамоти алоқа борҳо рад намуда, пайваста таъкид мекунанд, ки ҳеҷ маҳдудият ва ё инҳисоре вуҷуд надорад. Ҳарчанд худи Бег Сабур дар нишастҳои матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш ширкат намекунад, вале муовинонаш аз фаъолияти хадамот дар замони раҳбарии тавсиф мекунанд.

"Саҳми Бег Сабур?"

Бег Сабур соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

Адолат Абдураҳмонзода, мувоини дигари Бег Сабур дар нишасти матбуотии рӯзи 1-уми феврал гуфт, ки “Хадамоти алоқа дар фаъолияти худ бар асоси қонунҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ҳаёти ҷомеаи муоcир нақши босазо гузоштааст”.

Ӯ аз ҷумла омори муштариёни алоқаи мобилӣ ва Интернетро ҳамчун натиҷаи беҳтар корҳо дар ин бахш муаррифӣ кард. “Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 7,3 миллионро ташкил дода, аз ин 5, 4 миллион нафарашон муштариёни фаъол мебошад, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 600 ҳазор бештар аст. Шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобелӣ ва собит 3,34 миллион нафар аст, ки нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст”, гуфт, Адолат Абдураҳмонзода.

Дар чанд соли ахир Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар баробари суръати пасту нархи баланди Интернет, барои афзоиши нархи гуфтугӯҳои телефонӣ, бастани вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ пайваста мавриди танқид қарор мегирад.

Бозори интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст ва ин ширкат се соли ахир ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон мебошад. То соли 2018 ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мустақилона ҳақ доштанд аз хориҷа биёранд. Аммо бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа, ширкатҳои мухобиротӣ муваззаф шуданд интернетро танҳо аз “Тоҷиктелеком” харанд. “Тоҷиктелеком”, ширкати зертобеи Хадамоти алоқа мебошад.

Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар яке аз мақомҳои поёнӣ қарор дорад. «Баддиком", як муассисаи таҳқиқотӣ, моҳи июни соли гузашта гуфт, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабашро дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет донист.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамот мегӯяд, баръакс баъзе раддабандиҳои дигар вазъи дастрасӣ ба Интернетро беҳтар арёзбӣ кардаанд. Ӯ гуфт, “дар соли 2020 раддабандии Созмони глобалӣ оид ба суръат ва сифати интернет нашр шуд, ки дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети мобилӣ ва интернети собит, яъне ноқилӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хуб шудааст ва якчанд зина боло рафтааст”.

Дар як гузориши тозае вебсайти таҳлилии datareportal.com чоп кард, возеҳ нишон дода шудааст, ки Тоҷикистон аз назари суръати интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба ҳисоби миёна ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст. Гаронии нархи интернет боис шудааст, ки борҳо муштариён дар Тоҷикистон хостаанд, ки қимати он поин оварда шавад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG