Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден сиёсати хориҷии худро ироа мекунад


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Рӯзи 1-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден дидгоҳҳояшро дар заминаи сиёсати хориҷии кишвар барои чор соли оянда баён мекунад ва интизор меравад, ки баъди стратегияи президенти пешин Доналд Трамп, ки мегуфт, “Амрико аввал аст”, тағйироте дар самтгириҳои сиёсати хориҷӣ рӯй медиҳад. NBC News ва CNN бо такя ба маъмурияти Ҷо Байден мегӯянд, “барқарор кардани мавқеи ИМА дар ҷаҳон” дар маркази сиёсати хориҷии ӯ қарор дода мешавад. Интизор намеравад, ки дар суханронии Байден ҷузъиёти зиёд дода шавад, вале ин суханронӣ дар қиёс бо Трамп бояд лаҳни наву тозае дар нисбати ҷомеаи ҷаҳониву сохторҳои байналмилалӣ дошта бошад. Қарор аст ӯ аз котиби нави давлатии худ Энтони Блинкен пурра ҳимоят бикунад. Вазифаи Блинкен дар барқарор кардани равобит бо ҷаҳони беруна хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Байден дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ИМА ба созиши зистмуҳитии Париж ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бармегардад. Байден бояд бо мушкилоти зиёде, мисли барномаи ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ, равобити пуртаниш бо Чин ва Русия сарукор бигирад.

XS
SM
MD
LG