Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулли Русия ба ҳабси воқеии Навалний ризоият додааст


 Санкт-Петербург, 31-уми январ. Раҳпаймоии тарафдорони Алексей Навалний
Санкт-Петербург, 31-уми январ. Раҳпаймоии тарафдорони Алексей Навалний

Додситонии Русия рӯзи 1-уми феврал гуфт, ки дархости раҳбарияти низоми зиндонҳои кишварро пуштибонӣ кард, ки хостори аз ҳабси шартӣ ба зиндони воқеӣ табдил кардани ҳукми Алексей Навалний шудааст. Бо қарори додгоҳ, Навалний барои нақзи шароити ҳабси шартӣ ба 30 рӯзи ҳабс гирифта шуд. Баъди ин додгоҳи нави ӯ барпо мебошад, ки ба 3,5 соли зиндон маҳкум кардани мунаққиди Кремлиро ба баррасӣ мегирад. ОВД-инфо, як вебсайти мустақил ҳисоб кард, ки дар паи саркӯби эътирозҳои тарафдорони Навалний рӯзи якшанбе дар саросари Русия 5135 нафар боздошт шуд. Ин ҳафтаи дуюми эътирозҳо дар Русия буд, ки баъди боздошт шудани Навалний сар зад.

XS
SM
MD
LG