Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд кишвари ҷаҳон ваксинаи зидди COVID-19-ро дастрас карданд


Шумораи бештари кишварҳои ҷаҳон дар дастрас кардани ваксинаҳои зидди коронавирус муваффақ шуданд. Барномаи эмгузаронӣ зидди COVID-19 дар Покистон, Украина, Эрон, Гурҷистон, Миср ва дигар кишварҳо дар ду рӯзи охир густариш ёфт. Масъулони соҳаи тандурустӣ аз пешрафт дар эмгузаронии аҳолии кишварҳои худ хабар медиҳанд.

Покистон рӯзи 30-юми январ эълом дошт, ки тавассути барномаи COVAX-и зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), ки барои кишварҳои камдаромад таҳия шудааст, 17 миллион ваксинаи “AstraZeneca”-ро дарёфт кард. Покистон ҳафтаи оянда ваксинаи ширкати давлатии “SinoPharm”-и Чинро барои эмкунии кормандони тандурустӣ ба даст хоҳад овард.

Виктор Ляшко, муовини вазири тандурустии Украина, гуфт, кишвар моҳи феврал тавассути барномаи COVAX 117 ҳазор ваксинаи “Pfizer-BioNTech” дарёфт хоҳад кард. Украина инчунин дар нимаи аввали соли 2021 аз 2,2 то 3,7 миллион доза ваксинаи «AstraZeneca” ба даст меорад.

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, интизор меравад Эрон рузи 4-уми феврал нахустин ваксинаи зидди COVID-19-ро аз Русия бо номи “Sputnik V” дарёфт кунад. Рӯзи 30-юми январ, Алҷазоир бо истифода аз “Sputnik V”-и Русия маъракаи эмгузаронии коронавирусро оғоз кард, худи ҳамон рӯз Тунис ин ваксинаро расман сабти ном кард.

Гурҷистон дар назар аст, ваксинаи “Pfizer”-ро дар охири моҳи феврал ба даст орад. Дар ин бора нахуствазири ин кишвар Георгий Гахария дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дод. Интизор меравад, Миср аввалин ваксинаи “AstraZeneca”-ро дар охири моҳи январ дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG