Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо дар зери болин ё минтақаҳои офшор? Чаро ҳукумат ба афви дороиҳо иқдом мекунад?


Корхонаи "Гулистон" дар Душанбе қаблан моликияти соҳибкор ва собиқ вазири саноат Зайд Саидов буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки имсол барои қонунӣ кардани "маблағҳо ва дигар дороиҳо" афви умум эълон кунад. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ дар паёмаш ба порлумон ба ҳукумат дастур дод, ки барои эълони чунин афв заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро фароҳам намояд.

Ҳадаф аз эълони афви пул ва дигар намуди сарватҳо, расман "фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ" гуфта шуд. Дар идома раисҷумҳур афзуд, Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол танҳо як бор афви дороиҳо эълон кард, вале кишварҳои пешрафта дар ин муддат чандин бор чунин маърака баргузор намуданд. Президент Раҳмон аз ин кишварҳо ном набурд.

Тоҷикистон соли 2007 афви молу амвол доир карда буд. Мақомот он замон мегуфтанд, кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, хусусигардонии корхонаву дигар амвол дар шароити бесуботӣ ҷараён гирифт ва зарурати афви дороиҳо пеш омад. Афви дороиҳо ба сарвате дахл дорад, ки қонунмандии он тасдиқ нашудааст. Мақсад ин буд, ки моликон бе хавфи он ки мақомот сарчашмаи ин дороиҳоро суроғ мекунанд, онҳоро расман сабти ном кунанд ва ба маҷрои қонунӣ ворид шаванд.

Афв бештар ба кӣ нигаронда шудааст?

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Аммо ҳоло чӣ зарурат ба вуҷуд омад, ки ҳукумат ба эълони чунин афве иқдом кардааст? Хайрулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, соҳибкороне, ки сармояи худро аз Тоҷикистон хориҷ карданд, пас аз эълони чунин афве ҳам ба гумон аст, ки дубора ҳозир шаванд, сармояҳои худро ба кишвар баргардонанд.

Ӯ гуфт, "чун соҳибкорон дарк карданд, ки дар Тоҷикистон намегузоранд, бизнеси онҳо рушд кунад ва ҳар гоҳе тиҷораташон ба ҷое расид, онро кашида мегиранд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Чун ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобҳои бонкии он шахсонеро, ки аз ҳисоби пора онро ба даст овардаанд, баста истодааст".

Мирсаидов афзуд, эҳтимол бо дарки чунин хавфе ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, заминаи ҳуқуқии бозгардони пулҳои ба хориҷ баровардашударо фароҳам кунад.

Созмонҳои байналмилалӣ солҳо боз аз ногувор мондани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки боис ба дилсардии сармоягузорон ва тарки кишвар кардани соҳибкорон мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон омори "фирори сармояҳо"-ро аз кишвар ошкор намекунад. Аммо солҳои охир расонаҳо аз муҳоҷирати соҳибкорони тоҷик ба Русия, Қазоқистон, Имороти Мутаҳидаи Араб ва Узбекистону Қирғизистон гузориш медиҳанд.

Ахиран Узбекистон эълон кард, ки дар ин кишвар 178 ширкат бо сармояи шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Зоҳиран ҳукумат аз афзоиши берунравии сармояҳо нигарон аст ва талош дорад, бо эълони афв онҳоро бозгардонад ё, ба камияш, пеши роҳи афзоиши фирори сармояро гирад.

"Камомади буҷаро мепӯшонанд"

Аюб Эгамов
Аюб Эгамов

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, каср ва ё камомади пул дар буҷаи Тоҷикистон бино бар коҳиши пулфиристии муҳоҷирон ба кишвар зиёд шудааст. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аз ҳар роҳи мумкин талош дорад, ин холигоҳро пур кунад.

"Чанд иқдоми ахири ҳукумати Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумат аз камомади пули буҷа дар ташвиш аст. Агар ба қадамҳои охир нигарем, андозситонӣ аз ширкатҳои интернетӣ ба ном андози Google, хидмати алтернативӣ бар ивази пул ва акнун афви пулу дороиҳо. Ҳамаи ин корҳо ба як хулоса меорад, ки ҳукумати Тоҷикистон дигар роҳи пӯшонидани касри буҷаро надорад ва мехоҳад аз кисаи мардум онро пур кунад", - иброз дошт ӯ.

Тоҷикистон соли 2007 бори нахуст афви амвол ва молу мулкро эълон карда буд. Дар аввал қарор буд он 6 моҳ давом кунад, аммо то соли 2009 дароз карда шуд. Бо анҷоми он мақомот эълон карда буданд, ки ҳудуди 87 ҳазор номгӯй моликияти шаҳрвандон расман сабт шуда, ба маҷрои қонунӣ даромад. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи он афв молу мулке ба маблағи 19 миллиард сомонӣ, бо қурби он вақт 5 миллиард доллар, "ҷомаи қонунӣ" ба бар кард.

Вале ба гуфтаи Tax Justice Network - як муассисаи мустақили бритониёӣ, дар соли 2012, яъне се сол пас аз афви дороиҳо дар Тоҷикистон, сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар минтақаҳои офшорӣ зиёда аз 3 миллиард доллар баровард шуданд. Ба кӣ тааллуқ доштани ин пул маълум нест, вале расонаҳои зиёде бахши асосии онро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG