Президенти ИМА Ҷо Байден аз саркӯби мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам эътирозгарон изҳори нигаронӣ кард. Ду рӯз баъди ҳабсҳои дастаҷамъии мухолифони президент Владимир Путин дар саросари Русия ва ҳам зиндонӣ кардани Навалний, Байден рӯзи 25 январ гуфт, ки ӯ аз ин ҳодисаҳо «бисёр нигарон шудааст». Ӯ гуфт, ки ҳанӯз бояд ба қароре бирасад, ки дар посух ба вазъи атрофи Навалний чӣ вокуниш мекунад, вале изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ва Русия метавонанд дар бахшҳои мавриди манфиати ду ҷониб кор кунанд. Байден гуфт, ки ду кишвар бояд дар масъалаи назорати силоҳҳо ҳамкорӣ кунанд ва то 5-уми феврал, ки замони хатми мӯҳлати New START – охирин созиши амалкунандаи силоҳҳо миёни Вашингтон ва Маскав мебошад, фурсат хеле кам мондааст. Байден дар сӯҳбат бо журналистон дар Кохи Сафед гуфт, ки ИМА мавқеи худро дар заминаи рафтори Русия рӯшан хоҳад кард. Байден инчунин ба рахна шудани шабакаҳои компютерии ИМА ҳам ишора кард, чун ин ҳамлаи рахнагаронро кори дасти Русия меноманд. Инчунин Русияро дар маблағгузории Толибон барои куштори сарбозори амрикоӣ дар Афғонистон гумонбар медонанд. Ӯ гуфт, аз сохторҳои дахлдори кишвар хост, ки ӯро дар бораи ҷузъиёти ин қазияҳо дар ҷараён гузоранд, то ӯ ин масъалаҳоро бо Маскав матраҳ кунад.