Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дейзи Синделар иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО шуд


Дейзи Синделар журналисти собиқадори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷрокунандаи вазифаи президенти ин муассиса таъин шуд
Дейзи Синделар журналисти собиқадори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷрокунандаи вазифаи президенти ин муассиса таъин шуд

Бо қарори раҳбари кунунии Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико (USAGM), Дейзи Синделар иҷрокунандаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъин шуд. Инчунин дар изҳороти 24-уми январи Келу Чао, иҷрокунандаи мақоми Раиси USAGM гуфта мешавад, ки Бей Фанг - президенти Радиои “Осиёи озод” (RFA) ва Келли Салливан - иҷрокунандаи президенти Шабакаи суханпарокании Ховари Миёна (MBN) таъин мешаванд. Чао гуфт, “боварии зиёд дорам, ки ин раҳбарон журнализми баландсифати мустақил, бетарафона ва касбиро таъмин хоҳанд кард”.

Синделар, ки дар вазифаи муовини президент ва сардабири РАО/РО кор мекард, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти ин расона баргашт. Ӯ дар ин мақом баъди дар моҳи июни соли 2020 аз вазифаи президенти РАО/РО барканор шудани Ҷейми Флай кор карда буд.

Чао бо як қарори худ аз 22-юми январ президенти РАО/РО Тед Липиенро ҳамроҳ бо ду раҳбари RFA ва MBN ҳамагӣ як моҳ баъди таин шудани онҳо ба ин мақом барканор кард. Як рӯз пеш аз ин тасмимаш, мудир ва муовини мудири Радиои “Садои Амрико”-ро барканор кард ва раҳбари дафтари суханпарокании Куба ба истеъфо рафт.

Ин тағйирот баъди он сурат гирифт, ки Майкл Пак - дастнишондаи президенти пешин Доналд Трамп – дар чанд соат баъди сари кор омадани президенти нави ИМА Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ аз мақоми раҳбари USAGM истеъфо дод. Демократҳову ҷумҳурихоҳҳо дар ИМА Пакро барои сиёсатҳову таъиноташ интиқод мекарданд. Ин коргардони филмҳои мустанад моҳи июни солли 2020 дар мақомаш тасдиқ шуд ва аз он замон то кунун барои мудохилааш ба сиёсати таҳририяи бунгоҳҳои хабарии зери назараш мавриди интиқод буд.

USAGM бо 800 миллион доллар буҷаи солона панҷ шабакаро зери назар дорад. Инҳо “Садои Амрико”, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Радиои “Осиёи озод”, Шабакаи суханпарокании Ховари Миёна ва дафтари суханпарокании Куба мебошанд. Дар маҷмӯъ ин ҳама расонаҳоро 350 миллион нафар дар ҳафта тавассути барномаҳои радиоӣ, телевизионӣ ва интернетӣ дарёфт мекунанд. “Садои Амрико” ва радиои Куба тобеи ҳукумати ИМА аст. РАО/РО, “Осиёи озод” ва Шабакаи Ховари Миёна сохторҳои мустақил ва ғайритиҷоратӣ буда, бо пули андозсупорандаҳои ИМА тавассути Конгресс маблағгузорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG