Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сокини Леваканд дар кӯҳи Хоҷамастон бедарак шудаанд


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки барфи баланд дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Зағертии шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд), амалиёти ҷустуҷӯи се сокини ин маҳалро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст.

Се сокини ин деҳа -- Баён Салихови 45-сола, писари ӯ Муҳтоҷиддини 14-сола ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидови 22-сол панҷ рӯз қабл барои пайдо кардани чорвои худ ба кӯҳи Хоҷамастон баромаданд, вале бедарак шуданд.

Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Левакант гуфт, вақте ин афрод бегоҳии панҷшанбе ба ҷустуҷӯи чорвои худ ба кӯҳ рафтанд, барф набудааст, вале шабона ҳаво тағйир карда, барфи зиёд боридааст. Ба гуфтаи КҲФ, ҳоло сатҳи барф дар ин маҳал ҳудуди як метрро ташкил медиҳад ва кори наҷотдиҳандагонро дар пайдо кардани ин афрод душвор кардааст.

Сокинони деаи Зағертӣ гуфтанд, ки охирин тамоси онҳо аз кӯҳ соати шаши шоми 21-уми январ будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан аз мардум хоста буд, ки рӯзҳои 22-23 январ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ба кӯҳҳо нараванд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, ки дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард, аз сафарҳои безарурат даст кашанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон барфи сангин борид.

XS
SM
MD
LG