Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари нави USAGM мудирони “Садои Амрико”-ро барканор кард


"Садои Амрико" як бахше аз Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM аст
"Садои Амрико" як бахше аз Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM аст

Иҷрокунандаи мақоми Раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM Келу Чао дар рӯзи аввали кораш раиси “Садои Амрико”-ро барканор кард. Бо ин қарори худ Чао таъиноти шадидан интиқодшудаи раҳбарияти пешини USAGM-ро бекор кард. Собиқ раҳбари ин созмон Майкл Пэк, ки бо кӯмаки президенти собиқ Доналд Трамп ба ин мақом расида буд, рӯзи 20-уми январ аз мақомаш истеъфо доод. Моҳи декабр Пэк Роберт Рейлиро раҳбари “Садои Амрико” таъин кард ва бар асоси қарори Чао, Рейли ҳамроҳ бо муовинаш Элизабет Роббинс аз мақомаш сабукдӯш шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси “Садои Амрико” собиқ раиси бахши хабарҳои ин ширкат Иоланда Лопес таъин шудааст. Рейли ӯро ҳафтаи гузашта ба вазифаи дигар таъин карда буд.

Дар бораи аз мақомаш рафтани Пэк дар рӯзи савгандёдкунии Ҷо Байден, президенти нави ИМА маълум шуд. Дар соатҳои баъди шурӯи кор, Байден чанд амру фармоне имзо ва ҳам тағйироти кадрие баргузор кард. Илова ба ин, маъмурият аз Майкл Пэк тақозо кард, ки аз мақомаш канор биравад. То он замон Байден ва аъзои тимаш гуфтанд, ки кори раҳбари USAGM, ки барои амалкарди нодуруст дар нисбати сохторҳои зертобеаш гунаҳгор мешуд, баҳогузорӣ мешавад. Майкл Пэк ба вазифаи раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико дар моҳи июни соли 2020 таъин шуд. Бархе сенаторҳои демократ дар ҷараёни баррасии номзадии ӯ гуфтанд, ки ҳарос доранд Пэк дар кораш ба манфиати Трамп амал хоҳад кард. Худи Пэк инро рад карда гуфтааст, ки кори журналистон бояд бидуни дахолати сиёсӣ пеш равад.

Вале баъди ин, дар давоми ду ҳафтаи аввал дар мақоми раиси USAGM Пэк чанд раҳбари созмонҳои матбуотии зертобеашро барканор кард ва дар миёни онҳо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳам буд.

XS
SM
MD
LG