Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар маркази Минск худсӯзӣ кард


Ходимони полиси Беларус дар назди марде, ки худсӯзӣ кардааст. 22-юми январ, майдони Истиқлолияти Минск
Ходимони полиси Беларус дар назди марде, ки худсӯзӣ кардааст. 22-юми январ, майдони Истиқлолияти Минск

Марде, ки дар муқобили бинои ҳукумат дар майдони Истиқлолияти Минск худро оташ зад, дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Ин майдон аз моҳи август ба ин сӯ макони баргузории намоишҳои эътирозии серҷамъият бо талаби аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко гардидааст. Дар як навори видеоӣ 22-юми январ дида мешавад, ки марде оғуштаи оташ ба замин хоб аст ва дар паҳлӯяш як зарфе бо газ дида мешавад. Дар видео дида мешавад, ки ходимони полис барои хомӯш кардани оташ ба рӯи ӯ як кампале мепартоянд. Дар атрофи майдони Истиқлолияти Минск бинои ҳукумат, парлумон, шаҳрдории Минск ва Шӯрои шаҳр ҷойгир мебошанд.
Сухангӯи маъмурияти шаҳри Минск Наталия Ҳанусевич гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. ВКД-и Беларус гуфт, ки феълан дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ ҷузъиёте дода наметавонанд. Ба иттилои вазорати беҳдошти Беларус, 50 дарсади бадани ин марде, ки ҳанӯз ҳуввияташ маълум нест, сӯхтааст.

Беларус аз 9-уми август ба ин сӯ дар умқи як бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад. Дар он рӯз мақомот гуфтанд, ки Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бори навбатӣ дар интихобот ғалаба кард. Вале мухолифон гуфтанд, ки натиҷаҳо тақаллуб шуд ва баъди ин ҳазорҳо сокинони Беларус бо талаби истеъфои ӯ ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ мебароянд. Пирӯзии Лукашенкоро ғарбу Аврупо эътироф накарданд ва барои саркӯбу шиканҷаи мухолифону эътирозгарон ин кишварро таҳрим намуданд.

XS
SM
MD
LG