Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико зиндоние, ки дар куштори 11 нафар даст дошт, қатл шуд


Як намунаи хӯроки зиндониён дар Амрико
Як намунаи хӯроки зиндониён дар Амрико

Дар Амрико як қочоқчии маводи мухаддиро пас аз оне, ки Додгоҳи олӣ дархости муолиҷаи ӯро аз бемории COVID-19 рад кард, рӯзи 14-уми январ қатл карданд.

Кори Ҷонсони 52 сола бо воситаи тазриқи марговар дар зиндони федералии иёлоти Индиана барои силсилаи кушторҳояш дар соли 1992 ба қатл расонда шуд.

Ҷонсон 12-ум зиндоние аст, ки дар як соли гузашта ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эъдом кард. Иҷрои ҳукми қатл дар ин кишвар 17 сол боздошта шуда буд ва соли гузашта аз сар гирифта шуд.

Вакилони мудофеи Ҷонсон иддао карда буданд, ки тазриқи марговар боиси дарди ҷонкоҳ мешавад, чун бинобар гирифтор шудани ӯ ба COVID-19 шушҳояш осеб дидаанд.

Аммо Додгоҳи олӣ, қарори додгоҳи зинаи поёнро, ки иҷоза медод қатли Ҷонсон то замони шифо ёфтан аз ҳамагири COVID-19 мавқуф гузошта шавад, рад кард.

Ҷонсон дар авбошии гурӯҳие даст дошт, ки дар тули 45 рӯз 11 нафар кушта шуданд. Ӯ ва ду нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ ба қатл маҳкум шуданд.

Қабл аз иҷрои ҳукми қатл Ҷонсон гуфт “ аз ҷиноятҳои содиркардааш пушаймон аст” ва мехоҳад онҳое, ки аз дасташ қурбон шуданд “фаромӯш нашаванд”. “Ҳолам хуб аст, ман оромам”, гуфтааст Ҷонсон.

Рӯзи 15-уми январ қарор аст, як зиндонии дигар Дастин Хигс низ кушта шавад. Ин охирин ҳукми қатл хоҳад буд, ки дар стаҳи федералӣ қабл аз анҷоми раёсати Доналд Трамп иҷро мешавад.

Трамп соли гузашта фармон дод, иҷрои ҳукми қатл аз сар гирифта шавад. Интизор меравад Ҷо Байден, ки рӯзи 20-уми январ маросими ба сари қудрат омаданаш доир мешавад, иҷрои ҳукми қатлро дар сатҳи федералӣ қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG