Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ба иштирок дар ғасби Капитолия айбдор мешавад


Додгоҳи федеролии Вашингтон дар доираи парвандаи ҳамлаи ҷонибдорони президенти ИМА Доналд Трамп ба бинои Конгресс зидди қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба шиноварӣ Клит Келлер айб эълом кардааст.

Бино ба хабари ESPN, узви пешини мунтахаби ИМА дар ғайриқонунӣ даромадан ба бино, ҳамла ба ҳудуди Капитолия ва монеа эҷод кардан ба кори маъмурони пулис дар ҷараёни бетартибиҳо айбдор мешавад.

Клит Келлер бар асоси аксҳо аз рафти ҳамла шиносоӣ шудааст. Ӯ баъди ин ҳодиса саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоиро баста, тамосҳо бо худро низ қатъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки шиновар боздошт шудааст, ё не. Вале ба иттилои телевизиони CNN, додгоҳ қарори ҳабси вайро содир кардааст.

Келлер се бор (солҳои 2000, 2004 ва 2008) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок карда, 5 ҷоиза ба даст овардааст. Соли 2004 дар бозиҳои Афина гуруҳи худро соҳиби медали тило гардонида буд. Як медали тилои дигарро дар бозиҳои Пекин ба даст оварда буд.

Рӯзи 6-уми январ ҷонибдорони Трамп аз аёлатҳои мухлатиф ба Вашингтон омада, дар назди бинои Капитол гирдиҳамоӣ карданд ва бо зӯр вориди бинои Капитол шуданд. Онҳо бетартибиҳоро замоне роҳандозӣ карданд, ки конгрессменҳо барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи ИМА маҷлис доштанд.

XS
SM
MD
LG