Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи зиндонҳои Русия гуфт, мухолифи Кремлро боздошт мекунанд


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН гуфт, дар пайи боздошти сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ҳастанд. Ин ҳолат вазъеро барои рӯёрӯии фавқуллода байни Кремл ва Навалний пеш меорад.

Алексай Навалний яке аз мухолифони сарсахт ва ошкоргӯйи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст. Изҳороти ФСИН рӯзи 14-уми январ ва пас аз он эълон шуд, ки Навалнийро дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ин дар ҳолест, ки Навалний дар Твиттер хабар дод, ният дорад рӯзи 17-уми январ ба Русия баргардад. Вай моҳи августи соли 2020 баъди он ки дар ҳавопаймои Русия заҳролуд шуд, барои наҷоти ҷонаш ба беморхонаи Берлин фиристода шуд.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Ин хулосаро Созмони байналмилалии манъи силоҳҳои кимиёӣ содир кард. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, вале Кремл иттиҳомро рад намуд.

XS
SM
MD
LG