Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи паррандаи соли 2021 дар Тоҷикистонро эълон карданд


Бургут ва ё шоҳуқоб аз оилаи лочинҳост ва туъмаашро дар дурии то 4 километр мебинад.
Бургут ва ё шоҳуқоб аз оилаи лочинҳост ва туъмаашро дар дурии то 4 километр мебинад.

Академияи улуми Тоҷикистон яке аз паррандаҳои бузурги кишварро паррандаи сол эълон кардааст. Хабаргузории "Ховар" аз қавли мақомоти масъул рӯзи 14-уми январ хабар дод, ки донишмандони фарҳангистон ва табиатшиносон, ки ҳар сол паррандаи солро интихоб мекунанд, Шоҳуқобро паррандаи соли 2021 баргузиданд.

Ду номзади дигар ба ин унвон дурроҷи сиёҳ ва қумрӣ будаанд. Шоҳуқоб, ки дар куҳистонҳои Тоҷикистон сукунат дорад ва аз бузургтарин паррандаҳои кишвар буда, болҳояш то ба бештар аз дувуним метр мерасанд. Қувваи биноии он ба ҳадде қавист, ки туъмаи худро дар дурии то 4 километр мебинад ва суръати ҳаракаташ ҳангоми гирифтани он ба 300 километр дар соат мерасад.

XS
SM
MD
LG