Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Қирғизистон мардумро ба ваҳдат даъват кард


11-уми январ, Бишкек, майдони Ала-Тоо
11-уми январ, Бишкек, майдони Ала-Тоо

Сиёсатмадори миллатгаро Содир Ҷабборов, ки ҳанӯз чанд моҳ пеш дар зиндон бо иттиҳоми одамрабоӣ ҳукми 10 соли ҳабсро пуштисар мекард, баъди ғалабааш дар интихоботи президентии Қирғизистон ҷомеаро ба ваҳдату ҳамбастагӣ даъват намуд. Нозирони байналмилалӣ интихоботи Қирғизистонро ҳамчун “дар умум ҷавобгӯи озодиҳои бунёдӣ” баҳогузорӣ карда гуфтанд, ки бо ин вуҷуд интихобот “пурра одилона” набуд. Дар арзёбиҳои рӯзи 11-уми январи ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва Маҷмаи парлумонии САҲА гуфта шуд, ки номзадҳои интихоботи 10-уми январи Қирғизистон “дар умум тавонистанд озодона таблиғот баранд”, вале дар интихобот “бартарии як номзад аз назари молӣ мушоҳида шуд ва ин номзад аз захираҳои маъмурӣ сӯиистифода кард”.
Баъди ҳисоби тахминан тамоми баргаҳо Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки Ҷабборов 79,2 дарсади овозҳоро бурдааст. Интихоботи президентӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки се моҳ пеш дар паи интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон эътирозҳо аз тақаллуб шудани натиҷаҳо ба шӯриши мардумӣ бадал шуд ва боиси эҷоди бебандубориҳои сиёсӣ дар кишвар гардид.

Баробар бо интихоби президенти нав, сокинони Қирғизистон барои таъини низоми сиёсии кишвар, яъне бахшиши салоҳияти бештар ба президент овоз доданд. Баъди қабули конститутсияи нав Ҷабборов, президенти нави Қирғизистон, аз салоҳиятҳои бештар бархӯрдор мешавад.

Рӯзи 11-уми январ зимни муроҷиат ба тарафдоронаш Ҷабборов гуфт, “ҳоло мо ба ваҳдат ниёз дорем”. Дар интихобот 16 номзад пешбарӣ шуд ва баъди Ҷабборов номзади дигар – Адахон Мадумаров бо 6,7 дарсад овозҳо ба марра расид. Худи Мадумаров гуфт, ки натиҷаҳои интихобот “аз воқеият дур аст” ва ваъда дод, ки шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG