Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми озодии марди муттаҳам ба бадрафторӣ бо духтари 12-соларо дар Ҳисор бекор кардаанд


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар бораи афви як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари 12-сола бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бо даъвои вакили мудофеъ ва барои ҷой доштани камбудҳо дар парванда ҳукми Додгоҳи Ҳисор бекор карда шуд."

Ҳамсуҳбатони хабаргузории "Азия-Плюс" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “кофӣ набудани далелҳ” ишора карда, вале тафсилот надодаанд. Пештар Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" гуфта буд, "додрас парвандаро дар як рӯз баррасӣ кардаву хулосаашро эълон намуд".

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳозир нашуданд, расман дар ин бора суҳбат кунанд. Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки аз ҳаққи хонаводаи духтар ҳимоят мекард, низ тафсилот надод.

Ҳоло ба қавли манобеъ, Додгоҳи олӣ парвандаро “барои тафтиши иловагӣ” ба додситонии Ҳисор баргардондааст.

Додгоҳи шаҳри Ҳисор рӯзи 9-уми декабри соли гузашта марди 32-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ муттаҳам буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори суд озод намуд.

Пайвандони ҷавони афвшуда ҳукми додгоҳи Ҳисорро "одилона" ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро "туҳмат" шумурданд, аммо хонаводаи духтар бо ёрии вакилони мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд.

Ин ҳодиса вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз раиси ҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб карданд, ки ҷазоро барои гунаҳкорони бадрафторӣ бо ноболиғон сахттар намоянд.

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ эълон кард, ки тарҳи наверо омода кардааст ва бино бар он гунаҳкорон ба озори ҷинсии кӯдакон аз ҳаққи падару модарӣ низ маҳрум хоҳанд шуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тобистони соли гузашта гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2020-ум 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Маълум нест, чӣ қадар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.

Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" мегӯянд, имсол танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи вобаста ба таҷовузу ҳаркатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG