Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистони “бе-COVID” оҳангсози маъруф бар асари COVID-19 даргузашт


Раҷаб Раҷабов - дар марказ. Акс аз Suleiman Charyev (TDH)
Раҷаб Раҷабов - дар марказ. Акс аз Suleiman Charyev (TDH)

Дар Туркманистон, як кишвари худкомае, ки то ҳол вуҷуди коронавирусро рад мекунад, оҳангсози маъруф Раҷаб Раҷабов бар асари COVID-19 даргузашт. Бародари Раҷабов – Раҳмат Раҷабов рӯзи 10 феврал дар Фейсбукаш навишт, ки оҳангсоз дар синни 76-солагӣ бар асари COVID-19 даргузашт. Асарҳои Раҷабов дар солҳои Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти Туркманистон дар даҳҳо филмҳои бадеиву мустанад садо додааст.

Туркманистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, ҳеҷ ҳолати олудашавӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтааст. Моҳи август ин ташкилоти вобаста ба СММ аз афзоиши ҳодисаҳои илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ дар Туркманистон изҳори нигаронӣ кард ва бори дигар, вале бенатиҷа аз Ашқобод хост, ки дар кишвар тестҳои мустақили коронавирус ташкил шавад. Дар ҳоле, ки омори расмӣ хомӯш аст, манбаъҳои ғайрирасмӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар зиндонҳову мактабҳо ва беморхонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Онҳое, ки бо нишонаҳои коронавирус бемор мешаванд, талош мекунанд мустақилона табобат гиранд, чун дар беморхонаҳо шумори нафарони олудашуда ба бемории монанд ба коронавирус хеле зиёд аст. Ҷасади онҳое, ки дар паи чунин вирус ҷон медиҳанд, ба халтаҳои пластикӣ печонда шуда баъд барои хоксупорӣ ба наздикон интиқол дода мешаванд.

XS
SM
MD
LG