Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди чор рӯзи "хомӯшӣ" мақомот аз се ҳодисаи нави олудашавӣ ба COVID-19 хабар доданд


Ин табибон дар Тоҷикистон беморони гирифтори COVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Акс аз Хуршед Дӯстов
Ин табибон дар Тоҷикистон беморони гирифтори COVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Акс аз Хуршед Дӯстов

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон баъди чор рӯзи “хомӯшӣ” 10-уми ноябр хабар доданд, ки се ҳодисаи нави олудашавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки тасдиқи дурустии изҳороти мақомот дар бораи чанд рӯзи қайд нашудани олудашвиҳои нав ба коронавирус имкон надорад, вазорати беҳдошт иддао мекунад, ки шумори тестҳои мусбати гирифторӣ ба коронавирус дар рӯзҳои аввали соли 2021 назар ба моҳҳои гузашта рӯзона даҳ баробар кам шудааст.

Ба иттилои мақомот, то 10-уми январ дар Тоҷикистон шумори олудашудаҳо ба коронавируси нав 13 ҳазору 308 нафарро ташкил дода, 90 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштанд. Ба таъкиди мақомот, омори шифоёфтаҳо аз вирус беш аз 99 дарсадро ташкил медиҳад.

Бо ин ки мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба коҳиши якбораи мизони олудагӣ ба коронавирус таъкид мекунанд, шубҳа дар дурустии омори расмӣ бартараф нашудааст. Ин нобоварӣ пеш аз ҳама аз муддати дароз рад шудани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ маншаъ мегирад. Бо ин ки ҳама ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои олудашавии сокинон ба коронавирус гузоришҳо дода, тадбирҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ карданд, дар Тоҷикистон баъди чандин ҳафта рад кардани вуҷуди вирус, танҳо 30-юми апрел хабар доданд, ки мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ин кишвар ҳам сабт шудааст.

Шубҳа ба дурустии омори фавтидаҳо ҳам зиёд аст. Як таҳқиқоти мустақилонаи Радиои Озодӣ бар пояи иттилои хешовандону мутахассисони тиб нишон дод, ки то 23-юми декабри соли 2020 бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон 231 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG