Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Индонезия гуфтанд, пораҳои ҳавопаймои Sriwijaya Air-ро дар баҳр ёфтанд


Мақомоти Индонезия гуфтанд, дар талоши ёфтани "қуттии сиёҳ" ҳастанд
Мақомоти Индонезия гуфтанд, дар талоши ёфтани "қуттии сиёҳ" ҳастанд

Мақомоти Индонезия рӯзи 10-уми январ гуфтанд, пораҳои ҳавопаймои Sriwijaya Air-ро, ки баъди чанд дақиқаи бархостан ба ҳаво аз Ҷакарта дар баҳр уфтода буд, пайдо кардаанд. Дар ҳавопаймо 62 нафар буданд. Ҳодиса 8-уми январ иттифоқ уфтод.

Қаблан дар амалиёти маъмурони наҷот пораҳои бадани одамон ёфт шуда буд. Ҳоло мақомот дар пайи пайдо кардани ҷаъба ё қуттии сиёҳ ҳастанд, бо умеде ки сабабҳои ҳодиса барояшон маълум шавад.

Пас аз суқути ҳавопаймои Boeing 737 Max 8 дар соли 2018, ки дар натиҷа 189 нафар ҷон бохтанд, ин яке аз садамаҳои бузурги ҳавоӣ дар Индонезия аст.

Ҳавопаймои "Боинг 737-500", мутааллиқ ба ширкати Sriwijaya Air, тақрибан 27 сол боз кор мекард. Онро аввал дар Амрико истифода кардаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ ба ҳамтои индонезии худ Ҷоко Видодо дар робита ба суқуқти ҳавопаймо номаи ҳамдардӣ фиристод. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия, ки боис ба талафоти зиёди ҷонӣ гардид, "сахт андӯҳгин ҳастанд".

XS
SM
MD
LG