Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул се нафарро кушт. Як каси дигар захмӣ шудааст


Нирӯҳои амниятии Афғонистон
Нирӯҳои амниятии Афғонистон

Дар инфиҷори бомби канори роҳ дар Кобул се нафар, аз ҷумла сухангӯйи нирӯҳои муҳофизати умумии Афғонистон кушта шуданд. Ҳодиса 10-уми январ иттифоқ уфтод.

Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, як каси дигар захмӣ шудааст. То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамлаи зоҳиран ҳадафмандонаро напазируфтааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳодисаро “ҳамлаи террористӣ” номида, шадидан маҳкум кард ва дар он Толибонро гунаҳкор донист. Гуруҳе, ки ҳайати расмии Афғонистон музокироти сулҳро дар Қатар бо онҳо оғоз карданд.

Толибон алорағми умеди расидан ба сулҳи пойдор ба ҳамлаҳо идома медиҳанд. Айни замон гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти чанде аз ҳамлаҳоро дар пойтахт ба уҳда гирифтааст.

Аз моҳи ноябри соли 2020 то ин дам панҷ журналист, муовини шаҳрдори Кобул ва як фаъоли намоёни идораи интихоботи Афғонистон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG