Дар Қазоқистон рӯзи 10-уми январ дар пасманзари раҳпаймоии норозиён раъйпурсӣ барои интихоби аъзои Маҷлис, палатаи поёнии порлумон, оғоз шуд.
Дар ин интихобот панҷ ҳизб иштирок доранд, аммо ҳеч кадоме аз онҳо онҳо мухолиф ё оппозитсионӣ нестанд. Ягона ҳизби расмие, ки худро мухолиф медонад, Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ, моҳи ноябри соли гузашта интихоботро бойкот ё таҳрим кард.
Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, ки 11,9 миллион кас ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Ҳангоми интихобот нозиронро аз сабти аксу навор дар қитъаҳо маҳрум ва ташхиси коронавирусро барои нозирону аъзои кумисюнҳои интихоботӣ ҳатмӣ кардаанд.
То кунун созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ягон интихоботи Қазоқистонро озоду одилона эътироф накардаанд.